МАҶЛИСИ НАЗОРАТӢ: ТАҲЛИЛИ АМИҚИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОИВУ ИҚТИСОДӢ

Раиси шаҳр нахуст сардори нави Қитъаи обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Исфара Каримзода Ҳаким Ҳалимро ба ҳозирин ва масъулини сохторҳои шаҳрдорӣ муаррифӣ намуд. Дар идома раванди амалӣ шудани «Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» дар қаламрави шаҳр таҳлил карда шуд. Муовини якуми раиси шаҳр Парвиз Файзуллозода гузориш дода, таъкид кард, ки дар ин давра теъдоди коргоҳҳои саноатӣ 30 адад афзоиш ёфт. Ҳаҷми содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар аз 10 миллион доллари амрикоӣ дар соли 2020 то ба 35 миллион доллари амрикоӣ дар охири соли 2025 расид. Як қатор корхонаҳо ҳаҷм ва афзоиши номгӯи маҳсулотро таъмин намуданд. Аз ҷумла, ҶДММ «Субҳи Ватан» номгӯи маҳсулоти истеҳсолиашро аз 15 адади соли 2020 ба 45 адад расонид. Дар асоси гузориш раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумъазода диққати масъулинро ба вазъи воқеии соҳаи саноат қалб ва ҳалли камбудиҳои ҷойдоштаро талаб намуд. Истифода нашудани иқтидори пурраи як қатор корхонаҳо ва коҳиши ҳиссаи саноат дар пардохти андоз нисбат ба солҳои аввали солҳои 2000-ум, фаъолият накардани 6 корхонаи шаҳр - Комбинати консерва, Заводи оҳак, «Тобони Исфара», «Ёвари Ворух», «Исфара-2016» ва «Муҳаммадҷон Зуҳуров», номуайянӣ дар фаъолияти корхонаҳои ҳудуди ҶСШК «Ангишт», ба қайдгирии дурусти коргоҳҳои истихроҷу коркарди ангишт ва пешгирии пурраи рӯйпӯшкунию фаъолияти пинҳонии коргоҳҳои коркарди регу шағал, нигаронӣ аз коҳиши музди меҳнат дар 41 корхонаи самти саноат ва кам кардани теъдоди кормандон дар баъзе коргоҳҳо аз масъалаҳое буданд, ки шаҳрдори Исфара аз масъулин ҳалли онҳоро пурсон шуд. Инчунин талаб карда шуд, ки фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла корхонаи «Нони Исфара» мутобиқ ба талаботи бозор ба роҳ монда шавад. Дар идома раиси шаҳр мутобиқи тартиби корӣ вазъи соҳаҳои зери назорати муовинони худро мавриди пурсиш қарор дод. С.Ҷӯразода - муовини раиси шаҳр, оид ба вазъи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ маълумот дод. Шаҳрдор супориши қатъӣ дод, ки корҳо дар ин самт ҷоннок карда шаванд, то нақшаи даъват дар рӯзи аввал пурра иҷро гардад. Дар асоси баромади муовини раиси шаҳр оид ба кишоварзӣ М.Ҳамзазода таъкид карда шуд, ки кишти такрорӣ бояд то 5 август ба анҷом расонида шавад. Таваҷҷуҳи асосӣ ба бунёд ва нигоҳубини боғоти интенсивӣ ва суперинтенсивӣ, афзоиши ҳосилнокӣ, тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳа ва беҳдошти муҳити зист нигаронида шавад. Раиси шаҳр тезонидани раванди вобастакунии манзилҳои истиқоматӣ ва заминҳоро ба соҳибонашон аз ҷамоатҳову сохторҳои марбута талаб намуд. Ҳасанзода Н. - муовини раиси шаҳр бошад, оид ба омодагӣ ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, вазъи азнавсозии варзишгоҳи марказӣ ва бунёди майдончаҳои варзишӣ дар назди биноҳои баландошёна гузориш дод. Дар асоси гузориши ӯ шаҳрдори Исфара ҳалли масоили марбутаро дар фурсати гузошташуда талаб кард. Дар самти бурдани корҳои мафкуравиву тарғиботӣ бошад, ба С.Зиёваддинзода - муовини раиси шаҳр ва сохторҳои тобеи ӯ супоришҳои мушаххас дода шуданд. Аз ҷумла қайд гардид, ки барои фаъолияти Телевизиони Исфара 180 000 сомонӣ маблағ ҷудо гардид.Бинобан бояд пояҳои моддиву эҷодии телевизиони маҳаллӣ таҳким дода шуда, он фаъолияти худро мутобиқ ба талаби замон ба роҳ монад. Сатҳи омодагӣ ба нишасти матбуотӣ, ташкили мулоқотҳо бо сокинони биноҳои баландошёна ва маҳаллаҳо, вазъи дастаи футбол ва танзими чорабиниҳо, пешгирӣ аз роҳ ёфтани фарҳангу либоси бегона самти дигари вазифагузориҳо буд. Дар самти маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва фаъолияти марказҳои дилхӯшӣ аз муовини раиси шаҳр П.Хуршедзода пурсиш сурат гирифт. Раиси шаҳр таваҷҷуҳи масъулинро ба таъмири китобхонаҳо, баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, фаъолияти дурусти марказҳои дилхушӣ ва фаъол намудани чойхонаҳо дар ҷамоатҳо ҷалб намуд. Маҷлиси назоратии назди раиси шаҳри Исфара тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро фаро гирифта, баҳри бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ва суръат бахшидан ба корҳои ободониву бунёдкорӣ дар назди масъулин вазифаҳои мушаххасро гузошт.

Хабарҳои нав

  • МУЛОҚОТИ БО ФАЪОЛОНИ ШАҲРИ ИСФАРА

    ​Дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара мулоқоти гурӯҳи кории Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони шаҳр баргузор гардид.

    2026-08-05

  • БОЗДИДИ АЗ ИНШООТҲОИ ШАҲРАКИ ШӮРОБ

    ​Дар идомаи сафар гурӯҳи кории Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Раиси кумита Камолиддин Муминзод, бо ҳамроҳии муовини раиси вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ва раиси шаҳри Исфара Шарифҷон Ҷумъазода ба шаҳраки Шӯроб ташриф оварданд.

    2026-08-05

  • БОЗДИД АЗ "АМИД" ВА БИНОИ НОЗИРОТИ АНДОЗ

    Боздид аз силсилаи объектҳои муҳими соҳаи иқтисод ва хизматрасонӣ самти дигари боздид буд. ​Аҳамияти асосии ин боздид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии соҳибкорӣ, рушди инфрасохтор ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ равона карда шуд.

    2026-08-05

  • САРВАРИ КУМИТАИ РУШДИ МАҲАЛ БА ШАҲРИ ИСФАРА ТАШРИФ ОВАРД

    Гурӯҳи кории Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Раиси кумита Камолиддин Муминзод ва бо ҳамроҳии муовини раиси вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ба шаҳри Исфара ташриф оварданд.

    2026-08-05

  • СУҲБАТИ ОШКОРОИ ШАҲРДОРИ ИСФАРА БО ЖУРНАЛИСТОН

    Нишасти матбуотии Раиси шаҳри Исфара Шарифҷон Ҷумъазодаро, ки санаи 29 июли соли 2026 бо ширкати кормандони васоити ахбори умуми маҳаллӣ ва вилоятиву ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, метавон ошкорову самимӣ номид.

    2026-07-29