БОЗДИДИ МУОВИНИ САРВАРЗИР АЗ ИСФАРА

Нахуст ҳангоми боздид аз Зеристгоҳи нави 110/10 кВ Исфара-1, ки санаи 31 марти соли ҷорӣ зимни сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуда буд, иттилоъ дода шуд, ки бунёди зеристгоҳи мазкур аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика” амалӣ гардида, он барои беҳтар намудани таъминоти неруи барқ дар деҳаҳои ҳудуди таъсиррасонии долони CASA-1000 ба маблағи 5 миллион доллари амрикоӣ сохта шудааст. Дар зеристгоҳи 110/10 кВ “Исфара-1” сохтмони хатҳои интиқоли барқи 110 кВ ва дузанҷираи 10 кВ бо масофаи 4,1 км ҷиҳати пайвастнамоии зеристгоҳи нав ба хатҳои барқии мавҷудаи шаҳрӣ, дузанҷира ва якзанҷираи дохили маҳалла ба итмом расида, бунёди хатҳои интиқоли барқии 0,4 кВ ва насбу васли таҷҳизоти зарурии зеристгоҳ сурат гирифтаанд. Сипас, муовини Сарвазири кишвар Усмонзода Усмоналӣ бо рафти насб ва фаъолияти панелҳои офтобӣ дар шаҳраки Шӯроб аз наздик шинос шуд. Чӣ тавре таъкид гардид, лоиҳаи мазкур бо мақсади иҷрои дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати гузариш ба «энергияи сабз» ва истифодаи манбаъҳои алтернативии неру дар амал татбиқ мешавад. Самти дигари боздиди меҳмонон ин рафти сохтмони роҳи Исфара-Ворух дар қисмати “Хоҷаи Аъло-Ворух” буд. Бояд гуфт, ки сохтмони роҳи мазкурро ширкати "China Road and Bridge Corporation"-и Чин ба зимма гирифтааст. Бино бар лоиҳа, роҳ дуқабата мешавад ва аз болои дарёи Исфара мегузарад. Паҳноии роҳи нав 40 метр ва дарозиаш 4,2 километр аст. Зимни шиносоӣ бо рафти сохтмони роҳ бори дигар аз заҳматҳои Сарвари давлат оид ба таҳкими сулҳ ва ҳамзистии осоишта бо ҳамсоягон ёдоварӣ сурат гирифта, зикр гашт, ки масъалаи ҳамсоядории нек аз бартариятҳои сиёсати Ҳукумати кишвар аст ва беҳтаргардонии вазъи иҷтимоии аҳолӣ, дастрасии ҷомеа ба иншоотҳои ҳаётан муҳим ва баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ аз афзалиятҳои аввалиндараҷа маҳсуб меёбад. Дар ҷараёни боздид аз иншоотҳо таъкид гардид, ки 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дар сатҳи шоиста ва бо дастовардҳои назаррас таҷлил карда шавад.

Хабарҳои нав

  • МУЛОҚОТИ БО ФАЪОЛОНИ ШАҲРИ ИСФАРА

    ​Дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара мулоқоти гурӯҳи кории Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони шаҳр баргузор гардид.

    2026-08-05

  • БОЗДИДИ АЗ ИНШООТҲОИ ШАҲРАКИ ШӮРОБ

    ​Дар идомаи сафар гурӯҳи кории Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Раиси кумита Камолиддин Муминзод, бо ҳамроҳии муовини раиси вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ва раиси шаҳри Исфара Шарифҷон Ҷумъазода ба шаҳраки Шӯроб ташриф оварданд.

    2026-08-05

  • БОЗДИД АЗ "АМИД" ВА БИНОИ НОЗИРОТИ АНДОЗ

    Боздид аз силсилаи объектҳои муҳими соҳаи иқтисод ва хизматрасонӣ самти дигари боздид буд. ​Аҳамияти асосии ин боздид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии соҳибкорӣ, рушди инфрасохтор ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ равона карда шуд.

    2026-08-05

  • САРВАРИ КУМИТАИ РУШДИ МАҲАЛ БА ШАҲРИ ИСФАРА ТАШРИФ ОВАРД

    Гурӯҳи кории Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Раиси кумита Камолиддин Муминзод ва бо ҳамроҳии муовини раиси вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ба шаҳри Исфара ташриф оварданд.

    2026-08-05

  • СУҲБАТИ ОШКОРОИ ШАҲРДОРИ ИСФАРА БО ЖУРНАЛИСТОН

    Нишасти матбуотии Раиси шаҳри Исфара Шарифҷон Ҷумъазодаро, ки санаи 29 июли соли 2026 бо ширкати кормандони васоити ахбори умуми маҳаллӣ ва вилоятиву ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, метавон ошкорову самимӣ номид.

    2026-07-29