Ин амали ободкориву созандагӣ гувоҳи равшани муҳаббати бепоёни Каримов Мирбодулло ба замини аҷдодӣ, диёри маҳбуб ва эҳтироми амиқи ӯ ба заҳмати шарафмандонаи садҳо ҳазор кишоварзону соҳибкоронест, ки бо маҳсули дастони хеш бренди аслии шаҳри Исфараро дар саросари ҷаҳон муаррифӣ менамоянд. Соҳибкори бонангу номус бо ин саховатмандии худ нишон дод, ки ҳадафи аслии фаъолияти ӯ сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшон, зебоии диёр, созандагӣ ва сарбаландии миллати тоҷик мебошад. Мавсуф бо ин амали созандаи худ исбот кард, ки ватандӯстии ҳақиқӣ дар амал, садоқат ба диёр ва саҳми мустақим дар ободии Ватан мебошад. Чунин мардони бонангу номус, ободгар ва олиҳиммат ифтихори аслии шаҳри бостонии Исфара ва тамоми Тоҷикистони азиз буда, амали хайру номи некашон чун намунаи олии ибрат, мардонгариву саховатмандӣ барои дигарон хоҳад буд.
Бояд гуфт, ки Муҷассамаи Зардолу бо баландии 8 метр сохта шуда, майдони он 400 метри мураббаъро дар бар мегирад ва туҳфаи арзанда ба таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Сомонаи расмии МИҲД
Исфара