Дар толори калони бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара мулоқоти раиси шаҳри Исфара Шарифҷон Ҷумъазода бо ғолибони олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ, омӯзгорони онҳо, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва намояндагони соҳаи маориф баргузор гардид.
Нахуст муовини раиси шаҳр Хуршедзода Парвина оид ба дастовардҳои хонандагони Исфара дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ маълумот дода, зикр намуд, ки дастпарварони муассисаҳои таълимӣ дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Ба хонандагони Исфара муяссар гардид, ки 4 медали тилло, 19 медали нуқра ва 63 медали биринҷӣ ба даст оранд. Дар росто, метавон таълимгирандагони мактаби байналмилалии «Контакт», литсейҳои рақамҳои, 1,3,5,6 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №32 ва №61-ро ҳамчун пешсафони соҳаи маориф номбурд, ки шогирдонашон шарафи маорифи Исфараро дар миқёси кишвар ҳимоя намудаанд.
Дар идома омӯзгорони варзида ва роҳбарони чанде аз муассисаҳои таълимӣ, ба мисли Ҳ. Тӯхтаев, Ш. Шораҳматов, Ш.Абдуманнонова, А.Ҳакимов андешаҳояшонро вобаста ба рушди соҳаи маорифи шаҳр баён доштанд.
Шаҳрдори Исфара Шарифҷон Ҷумъазода дар баробари таҳнияти ғолибони олимпиадаҳо ва омӯзгорони онҳо таъкид намуд, ки таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф, дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии насли наврас барои ноил гардидан ба дастовардҳои назаррас заминаи мусоид фароҳам овардааст. Ҷавобан ба ин омӯзгорон ва муҳассилинро зарур аст, ки баҳри ҳамчун мутахассиси варзида ба камол расидан талош варзанд. Роҳбарият ва омӯзгорони муассисаҳое, ки хонандагонашон дар олимпиадаҳо ширкати чашмрас надоранд, зарур аст, ки хулосаҳои зарурӣ бароварда, баҳри ноил шудан ба дастовардҳо аз ҳамаи имкониятҳо истифода баранд. Ба ҷавонон раҳнамоӣ кунанд ва дар замири онҳо меҳанпарастиву донишандӯзиро рушд диҳанд.
Минбаъд дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумъазода чор нафар гирандагони медали тилло қадршиносии хосса ёфтанд. Ҳамчунин ба 19 нафар гирандагони медали нуқра ва 63 нафар гирандагони медали биринҷӣ ва омӯзгорони онҳо аз тарафи шаҳрдори Исфара Шарифҷон Ҷумъазода дар ҳамҷоягӣ бо собиқадорони маориф Ҳ.Тӯхтаев ва Ш. Шораҳматов сипосномаҳо тақдим карда шуд.
Сомонаи расмии МИҲД
Исфара