Мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумъазода дар деҳаи Кӯлканд .
Дар мулоқот роҳбарони воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, фаъолони ҷамоат, намояндагони зиёиён ва сокинони фаъол иштирок намуданд.
Зимни мулоқот дастовардҳои солҳои охир зикр гардида, таъкид шуд, ки рушди минбаъдаи ҷамоат аз фаъолияти муттаҳидона, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ва ташаббускории сокинон вобастагии мустақим дорад.
Дар ниҳоди насли наврасу ҷавон ҷой додани эҳсоси ватандӯстӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ, беҳтар намудани таъминот бо оби нӯшокӣ, ободонии маҳалҳо ва беҳсозии инфрасохтори деҳот, рушди соҳибкории хурду миёна, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, баланд бардоштани сатҳи шуғли аҳолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, тақвияти корҳои созандагиву бунёдкорӣ, асфалтпӯш намудани роҳҳои дохилӣ, ҳалли саривақтии масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки рушди минбаъда муайян гардид.
Дар анҷоми мулоқот иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумъазода масъулонро вазифадор намуд, ки барои бартараф намудани мушкилоти мавҷуда, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва таъмини рушди устувори деҳоти Кӯлканд тадбирҳои амалӣ андешанд.
Сомонаи расмии МИҲД
Исфара