ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ҲХДТ ДАР ИСФАРА

Дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Исфара ба ифтихори 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Нахуст меҳмонон аз намоиши дастовардҳои ҲХДТ дар тӯли 30 сол, китобҳои Пешвои муаззами миллат ва ҳунарҳои мардумӣ дидан карданд. Баъдан дар қисмати расмии он раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ва раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода ҳозиринро ба муносибати 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табрику муборакбод намуданд. Аз ҷумла қайд гардид, ки агар ба таърихи таъсисёбии ин ҳизби пешоҳанги мардумӣ назар афканем, пайдост, ки марҳилаҳои душвори тайкардааш дар роҳи давлатсозии миллиамон бо дастоварду натиҷаҳои намоён баҳогузорӣ мешавад. Амалӣ шудани ҳадафи барномавии ҳизбро мо дар иқдомоти ҳамарӯзаи Ҳукумати мамлакат, дар мисоли сохтмони мактабу шифохонаҳо, роҳу нақбҳо, нерӯгоҳҳо ва дигар иншооти инфрасохторӣ, дар муҳайё сохтани ҷойҳои нави корӣ ва амри дастгирии пайвастаи табақаҳои камбизоати аҳолӣ- ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмонда ва оилаҳои камбизоат мебинем. Шукронаи соҳибистиқлолии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки кишвари мо дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҳам сиёсиву маънавӣ пеш рафта эътибору нуфузаш дар асраи байналмиллал ҳамасола меафзояд. Дар ҳамаи ин пешравиҳо нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бузургу бебозгашт аст. Воқеан Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз оғози таъсис ёфтанаш ва Раиси он интихоб гардидани Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи нерӯҳои солими ҷомеаро гирди ҳам оварда ба бонуфузтарин ҳизб табдил ёфт. Дар чорабинӣ ба як қатор собиқадорони ҳизб туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Барномаи фарҳангӣ анҷомбахши чорабинии идона буд.

Хабарҳои нав