Нишасти матбуотии раиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода бо намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳуриявию вилоятӣ ва шаҳрӣ доир шуд.
Раиси шаҳр сароғоз доир ба ҷамъбасти рушди иҷтимоиву иқтисодӣ дар нимсолаи аввали соли 2024 ба таври мухтасар маълумот пешниҳод намуд.
Зимнан гуфта шуд, ки рушди иқтисодӣ аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 33,6 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 17,8 фоиз, маблағузорӣ ба сармояи асосӣ 24,7 фоиз, боркашонӣ 18,7 фоиз ва савдо 1,6 фоиз таъмин карда шуд.
Нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ 101% таъмин гардида, ба буҷет ба ҷои 89 млн. 202 ҳазор сомонӣ, 89 млн. 912 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбати нақша 710 ҳазор сомонӣ ва дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 10 млн. 159 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳр ба андозаи 102,7% иҷро шуда, ба он 64 млн. 149 ҳазор сомонӣ дохил гардид, ки афзоиши он нисбати нақша 1 млн. 713 ҳазор сомонӣ ва дар қиёс ба соли гузашта 8 млн. 60 ҳазор сомониро ташкил намуд.
Нақшаи андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 104 % иҷро гардида, ба хазина 20,4 млн. сомонӣ дохил гардид, ки дар муқоиса ба нақша 801 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Аз 8 намуди андозҳо 1 намуди он – нақшаи андоз аз арзиши иловашуда ба иҷро нарасида, аз ин ҳисоб ба буҷет зиёда 7,5 млн. сомонӣ, аз ҷумла ба буҷети шаҳрӣ 3 млн. 845 ҳазор сомонӣ, ворид нагардид.
Аз ҳамин ҳисоб нақшаи ҳиссаҷудокунӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ ҳамагӣ 96% таъмин карда шуд.
Дар ин давра барои пардохти музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ 70,2 млн. сомонӣ, инчунин андози иҷтимоии аз он ҳисобшуда 17,5 млн. сомонӣ, ҷамъ 87,7 млн. сомонӣ равона гардид.
Дар маҷмӯъ, 95 % -и воридотӣ буҷети маҳаллии шаҳр ба соҳаҳои иҷтимоии шаҳр хароҷот карда шуд.
Маҷмўи маҳсулоти саноатӣ бошад, бо дарназардошти сектори хусусӣ ва истеҳсолу хизматрасонии обу барқ 353,4 млн. сомониро ташкил намуда, суръати афзоиши истеҳсолот бо ҳисоби индекси нархҳо 133,6% таъмин гардид. Дар ин давра дар муқоиса бо нимсолаи аввали соли 2023 ба андозаи 89,3 млн. сомонӣ зиёд маҳсулот истеҳсол карда шуд.
65 корхонаҳои саноатии дар қайди оморбуда ба маблағи 186 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли пешин 24,2 млн. сомонӣ зиёд буда, суръати рушд 114,9% таъмин гардид.
Мувофиқи маълумотҳо бе ҳисоби корхонаҳои навтаъсис ва аз фаъолият пурра бозмонда, яъне аз 53 корхонаҳо, 43 адади он дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2023 нишондиҳандаҳои истеҳсолии худро беҳтар намуданд.
Кишоварзони шаҳр ҷиҳати таъмини рушди соҳа тадбирҳои судманд андешида, ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзиро дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 538,5 млн. сомонӣ расониданд, ки ба 117,8 фоизи нишондиҳандаи нимсолаи якуми соли 2023 баробар мебошад. Тибқи маълумоти оморӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагиҳои кишоварзӣ ва аҳолӣ бо дарназардошти кишти тирамоҳии ғалладона дар майдони 8098 гектар кишти зироатҳо гузаронида шуданд.
Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагиҳои кишоварзӣ дар майдони 1409,7 гектар картошка, дар 784,5 гектар ҷуворимакка барои дон, дар 530,1 гектар зироати техникӣ (офтобпараст), дар 1415,2 гектар сабзавот (аз ҷумла 218,7 гектар сабзӣ, 53,9 гектар пиёз ва 251,9 гектар лӯбиёгиҳо), инчунин дар 1853,3 гектар зироати хӯроки чорво кишт карда шуд.
Дар муқоиса ба соли пешин дар нимсолаи аввали соли равон 230,9 тонна картошка (3713тн), 334,5 тонна сабзавот (1864,7тн), 1 тонна полезиҳо (75тн) ва 6319 тонна мева (31469,9 тн) бештар истеҳсол карда шуд.
Истеҳсоли ғаладонаҳо 2065,3 тонна, аз ҷумла гандум 1239,4 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 56,7 тонна ва 24 тонна зиёд мебошад.
Дар ин давра 2457 тонна гӯшт, 15706,7 тонна шир, 3263,8 ҳазор дона тухм истеҳсол карда шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 206,3 тонна гӯшт, 618,6 тонна шир ва 214,1 ҳазор дона тухм зиёд мебошад.
Ҳамчунин, 32,4 тонна асал, 40,5 тонна пашм ва 13,5 тонна пилла истеҳсол карда шуд.
Саршумори моли калони шохдор 49711 сар, аз он модагов 30470 сар, моли майдаи шохдор 51454 сар, асп 433 сар ва парранда 96441 сарро ташкил медиҳад, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд аст.
Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 60,6 млн. сомонӣ ва ҳаҷми корҳои сохтмону васлгарӣ 54,4 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба соли қаблӣ мутаносибан 13,5 млн сомонӣ ва 15,6млн сомонӣ зиёд мебошад.
Тибқи «Нақша чорабиниҳои мақомоти иҷрояии ҳокимияти давлатии шаҳр оид ба омодагӣ ба ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар давоми солҳои 2022, 2023 ва нимсолаи аввали соли 2024 сохтмон, азнавсозӣ, таъмиру тармим ва таҷҳизонидани 407 адад иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ба маблағи 174,4 млн. сомонӣ ба охир расонида шуд, ки ба 43,5 %-и нақшаи панҷсола баробар мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ 4 лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ мавриди амал қарор дошта, аз оғози амалишавии онҳо 9 млн. 172 ҳазор доллари амрикоӣ азхуд карда шудааст.
Дар доираи лоиҳаи “САSА-1000 Лоиҳаи дастгирии ҷомеа” сохтмонҳои зеристгоҳи “Исфара-1”, хатҳои баландшиддати интиқоли барқ ва пайвастнамоии онҳо ба хатҳои барқии мавҷудаи шаҳрӣ ба итмом расонида шуда, бунёди хатҳои интиқоли барқии 0,4 кВ ва насбу васли трансформаторҳои маишӣ идома дорад.
Бо мақсади таъмини аҳолии маҳаллаи Моҳпарии маркази шаҳр, дар асоси дархости Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар доираи лоиҳаи мазкур аз тарафи Бонки Умумиҷаҳонӣ маблағҳои иловагӣ барои сохтмони ҳавзи обҷамъкунанда бо ғунҷоиши 2000 метри кубӣ ва барои пайвасткунии он ба хатти оби “Маҳаллаи Сомониён - маҳаллаи Моҳпарӣ” 700 метр қубурҳои диаметраш 315 мм, ҳамчунин харидорӣ ва насбу васли насоси пуриқтидор ҷудо карда шуд.
Минбаъд рӯзноманигорон ба раиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода вобаста ба паҳлуҳои мухталифи фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳр, соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт ва раванди корҳои ободониву созандагӣ суолҳо дода, ҷавобҳои мушаххасу қонеъкунанда гирифтанд.