Маълумот оид ба таъмини иҷрои нақшаҳои қисми даромад ва хароҷоти буҷети шаҳри Исфара дар шашмоҳаи аввали соли 2024
Бо дар назардошти таъмини рушди соҳаҳои иқтисодӣ иҷроиши қисми даромади буҷети давлатӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои воридот ба андозаи 101 фоиз таъмин гардид. Дар ин давра ба буҷети давлатӣ 89 милиону 912 ҳазору 578 сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 710 ҳазору 578 сомонӣ зиёд буда, инчунин дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2023 ба маблағи 10 милиону 158 ҳазору 643 сомонӣ зиёд мебошад.
Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ бошад, дар ин давра ба андозаи 102,7 фоиз таъмин гардид. Дар ин давра ба буҷети маҳаллӣ 64 милиону 148 ҳазору 812 сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 1 милиону 712 ҳазору 812 сомонӣ зиёд буда, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2023 ба маблағи 8 милиону 59 ҳазору 982 сомонӣ зиёд мебошад.
Нақшаи қисми даромади буҷети ҷумҳуриявӣ бошад,дар ин давра ба андозаи 96 фоиз таъмин гардида дар давраи ҳисоботӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ 25 милиону 763 ҳазору 765 сомонӣ ворид гардида, нисбат ба нақшаи пешбинишуда 1 милиону 2 ҳазору 235 сомонӣ кам буда, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2023 ба маблағи 2 милиону 98 ҳазору 660 сомонӣ зиёд мебошад.
Нақшаи даромади андози иҷтимоӣ бошад, дар шаш моҳи соли 2024-ум 37 милиону 10 ҳазор сомонӣ буда, амалан ба сурат ҳисоби агентии суғуртаи иҷтимои ва нафақа бо назардошти маблағҳои хароҷоти дохила 39 милиону 553 ҳазору 608 сомонӣ ворид гашт, ки аз нақша 2 милиону 543 ҳазору 608 сомонӣзиёд буда, ба андозаи 106,9 фоиз таъмин гардидааст.
Аз ҷумла, нақшаи андози иҷтимоии буҷетӣ дар ин давра 17 милиону 412 ҳазор сомонӣ буда, амалан ба суратҳисоби агентии суғуртаи иҷтимои ва нафақа бо назардошти маблағҳои хароҷоти дохила 19 милиону 154 ҳазору 367 сомонӣ ворид гашт, ки аз нақша 1 милиону 742 ҳазору 367 сомонӣ зиёд буда,ба андозаи 110,0 фоиз таъмин гардидааст.
Нақшаи андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ бошад,дар ин давра 19 милиону 598 ҳазор сомонӣ буда, амалан ба суратҳисоби агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо назардошти хароҷоти дохила 20 милиону 399 ҳазору 241 сомонӣ ворид гашт, ки аз нақша 801 ҳазору 241 сомонӣ зиёд буда, ба андозаи 104,0 фоиз таъмин гардидааст.
Новобаста аз тадбирҳои андешидашуда бобати иҷрои нақшаи қисми даромади буҷет аз ҳисоби 8 намуди сарчашмаҳои ба нақша гирифташуда, сифатнокии иҷрои он дар ин давра аз ҳисоби 1 намуди он таъмин нагардида, дар маҷмўъ аз ин ҳисоб ба буҷет маблағи 7 милиону 544 ҳазору 205 сомонӣ ворид нагардид. Аз ҷумла;
- андоз аз арзиши иловашуда 55,7 фоиз ё 7 милиону 544 ҳазору 205 сомонӣ ворид нагардид.
Бақияи қарзи андозҳо нисбатба 01.01.2024 ба андозаи 104,0 ҳазор сомонӣ коҳиш ёфта, маблағи он ба ҳолати 01.06.2024 сол, 7.1 млн. сомониро ташкил медиҳад. Бақияи қарзи андозҳо асосан дар корхонаю ташкилотҳои зерин ба миён омадааст; ҶСК “Тамохуш”-4 491 592 сомонӣ, ИДБЗО-289 650 сомонӣ, КСБСОЧ- 257 194 сомонт, ҶСК “Комб. консервабарорӣ”-86 114 сомонӣ, МД “Боғи фарҳанги фарогатии ба номи С. Исфарангӣ”-73 566 сомонӣ, ҶСК “Зовуди Оҳак” -54 027 сомонӣ, ҶДММ “Васила”-43 730 сомонӣ ва ғайраҳо мебошанд.
Дар давраи ҳисоботӣ нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллии шаҳри Исфара ба андозаи 99,6 фоиз таъмин гардида, мувофиқи нақша бо тағйироту иловаҳояш мебоист 98 милиону 630 ҳазору 895 сомонӣ хароҷот мешуд, амалан бошад 98 милиону 269 ҳазору 689 сомонӣ хароҷот карда шудааст, ки нисбати нақша ба маблағи 361 ҳазору 206 сомонӣ кам мебошад.
Дар давраи сипаригардида барои пурра пардохт намудани музди меҳнати кормандони муассисаҳои буҷетӣ 69 милиону 918 ҳазору 740 сомонӣ ва ҳиссаҷудокунӣ ба фонди ҳифзи иҷтимоӣ ва нафақа 17 милиону 494 ҳазору 90 сомонӣ равона гардида, хароҷоти дигар моддаҳои ҳимояшаванда 10 милиону 594 ҳазору 100 сомониро ташкил дод. Инчунин, барои пардохти музди меҳнат ва суғуртаи иҷтимоии кормандони техникии муассисаҳои буҷети ҳамагӣ 262 ҳазору 360 сомонӣ маблағ пешбинӣ ва ба хароҷот бароварда шудааст.
Мувофиқи маълумотҳо барои пурра пардохт намудани соҳаи иҷтимоиёт ба маблағи 93 милиону 370 ҳазору 718 сомонӣ хароҷот карда шуда, 95 фоизи ҳаҷми умумии хароҷотро дар бар мегирад. Барои моддаҳои ҳимояшавандаи буҷет маблағи умумии 88 милиону 665 ҳазору 952 сомонӣ пардохт гардидааст, ки он 90,2 фоизи ҳаҷми умумии хароҷотро дар бар мегирад.
Маврид ба зикр аст, ки музди меҳнати моҳи июн ва рухсатии меҳнатии омўзгорон низ пурра ва сари вақт пардохт гардида, ба ҳолати 1 июли соли равон қарздорӣ дар ин самт вуҷуд надорад.
Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара дар оянда низ баҳри таъмини иҷрои сифатноки буҷети шаҳр корҳои амалиро ба роҳ монда, ҷиҳати ноил гаштан ба имкониятҳои молиявӣ тамоми чораҳоро меандешад.