Бо шукргузорӣ аз суботу оромӣ ва рушду шукуфоии Тоҷикистони азиз ман ҳар яки шуморо бо фарорасии Рӯзи Ваҳдати миллӣ - ваҳдати фарогир, халалнопазир ва ҷовидонаи тоҷикон сидқан табрику муборакбод мегӯям
Ба Ватани маҳбубамон ваҳдати пойдору устувор, сулҳу суботи ҷовидонӣ ва ба ҳар яки шумо рӯзгори орому осуда, ободу пурфайз ва дар ҷодаи бунёдкориву созандагиҳо ва эҷоди зиндагии шоиставу пурбаракат барору комёбиҳо орзумандам.
Орзуманди он ҳастам, ки ҳидоятҳои ваҳдатофару ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ормонҳои волои ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ ҳамеша раҳнамову илҳомбахши мардуми мо бошанд.
ҶАШНИ ФАРХУНДАИ ВАҲДАТ, БАРОЯТОН ФАРХУНДА БОД!
РАИСИ ШАҲРИ ИСФАРА БАҲОДУРЗОДА БАҲОВАДДИН