Баргузории қабули шаҳрвандон дар шаҳри Исфара
Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қабули шаҳрвандонро баргузор намуд.
Баҳоваддин Баҳодурзода қабл аз баррасии масъалаҳои шаҳрвандон зикр дошт, ки қабули шаҳрвандон дар партави сиёсати мардумпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, ҳадафи он баррасии масъалаҳои муҳими сокинон ва ҳалли саривақтии онҳо мебошад.
Боиси зикр аст, ки дар ҷараёни қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси шаҳр сокинон бо масъалаҳои мухталиф, аз ҷумла ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, таҳсил дар донишгоҳҳо, муаммоҳои оилавӣ, кӯмаки моддию молиявӣ пазируфта шуданд.
Раиси шахр дар суҳбат бо сокинон иброз дошт, ки роҳбарияти шахр ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд ва арзу шикояти сокинон сари вақт омӯхта шуда, мушкилоти иҷтимоӣ бартараф карда мешавад.