ВОРУХ

Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода аз хонаҳои истиқоматие, ки дар чараёни ҳодисаҳои марзии санаи 16 сентбри соли равон рухдода дар деҳаи Ворух хароб гардида буданд, боздид кард. Дар раванди боздид таъкид карда шуд, ки бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати наздиктарин тамоми манзилҳои истиқоматии харобгардида бунёду барқарор карда мешаванд. Айни замон дар шаҳри Исфара ситоди корӣ ҷиҳати барқарорсозии хонаҳои истиқоматии минтақаҳои наздимарзӣ шабонарӯзӣ фаъол буда, дар ин самт чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд. -Давлат ва Ҳукумат дар паҳлуи мардум аст ва мо бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои бевоситаи раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода якҷо бо шумо манзилҳои истиқоматии харобшударо барқарор месозем, - зикр кард Баҳоваддин Баҳодурзода зимни суҳбат бо мардум дар ин деҳаи баландкӯҳ.

Хабарҳои нав