Маълумот оид ба таъмини иҷрои нақшаҳои қисми даромад ва хароҷоти буҷети шаҳри Исфара дар 9 моҳи соли 2021

Давоми нӯҳ моҳи соли 2021 мувофиқи таҳлилҳо воридоти буҷети давлатӣ бе назардошти андози иҷтимоӣ ба андозаи 105 %, воридоти буҷети маҳаллӣ бошад 100,8 % - ро ташкил додааст. Яъне дар нӯҳ моҳи соли 2021 нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 ба буҷети давлатӣ ба маблағи 27 милиону 686 ҳазору 80 сомонӣ (101736940-74050860) зиёд ворид гардида, ба буҷети маҳаллӣ бошад нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 15 милиону 928 ҳазору 428 сомонӣ (70085933-54157505) зиёд ворид гардидааст. Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ бошад дар ин давра ба андозаи 100,8% иҷро гардида, ба буҷети маҳаллӣ мебоист 69 милиону 534 ҳазору 960 сомонӣ ворид гардад, амалан бошад 70 милиону 85 ҳазору 933 сомонӣ ворид гашт, ки аз нақша 550 ҳазору 972 сомонӣ зиёд мебошад. Нақшаи буҷети ҷумҳуриявӣ бошад ба андозаи 115,2 % иҷро гардида, мебоист ба буҷети ҷумҳуриявӣ 27 милиону 471 ҳазор сомонӣ ворид гардад, амалан 31 милиону 651 ҳазору 8 сомонӣ ворид гашт, ки аз нақша 4 милиону 180 ҳазору 8 сомонӣ зиёд мебошад. Новобаста аз тадбирҳои андешидашуда бобати иҷрои нақшаи қисми даромади буҷет аз 11 намуди сарчашмаҳои ба нақша гирифташуда 1 намуди он иҷро нагардида, дар маҷмўъ аз ин ҳисоб ба буҷет ба маблағи 5 милиону 187 ҳазору 760 сомонӣ кам андоз ворид гардид. - андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ 64,4 % ё 5 милиону 187 ҳазору 760 сомонӣ кам аз нақша мебошад. Бақияи қарзи андозҳо нисбат ба 01.01.2020 ба андозаи 797 ҳазор сомонӣ коҳиш ёфта, маблағи он хеле калон боқи монда 8,8 млн. сомониро ташкил медиҳад. Дар ин давра нақшаи қисми хароҷоти бучети маҳаллии шаҳри Исфара ба андозаи 99,9 % таъмин карда шуда, мувофиқи нақша бо тағйироту иловаҳояш мебоист 94 625 586 сомонӣ хароҷот мешуд, амалан бошад 94 522 956 сомонӣ хароҷот карда шудааст, ки нисбати нақша ба маблағи 102 630 сомонӣ кам мебошад. Хароҷот мувофиқи соҳаҳо чунин сурат гирифтааст: - Соҳаи ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ба андозаи 99,8 % ё ба маблағи 3 633 656 сомонӣ таъмин шуда, нисбати нақшаи аниқшуда (3 639 276) 5 620 сомонӣ кам мебошад; - Соҳаи мудофиа ба андозаи 100 % ё ба маблағи 111 335 сомонӣ иҷро гардидааст; - Соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба андозаи 100 % ё ба маблағи 40 130 сомонӣ; - Соҳаи маориф ба андозаи 99,9 % ё ба маблағи 56 901 375 сомонӣ таъмин карда шуда, 52 968 сомонӣ кам аз нақша (56 945 343); - Соҳаи тандурустӣ ба андозаи 99,9 % ё ба маблағи 29 561 396 сомонӣ таъмин карда шуда, нисбати нақшаи аниқшуда (29 600 041) 38 645 сомонӣ кам; - Соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ба андозаи 100 % ё ба маблағи 619 506 сомонӣ хароҷот карда шудааст; - Соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба андозаи 100 % ё ба маблағи 1 791 450 сомониро ташкил медиҳад; - Соҳаи фарҳанг ва варзиш ба андозаи 99,6 % ё ба маблағи 1 455 292 сомонро ташкил медиҳад, ки нисбати нақшаи аниқшуда (1 460 683) 5 391 сомонӣ кам; - Соҳаи кишоварзӣ ба андозаи 100 % ё ба маблағи 408816 сомонӣ иҷро гарадидааст. Ин давра барои пурра пардохт намудани музди меҳнати кормандони муассисаҳои буҷетӣ, 67 499 991 сомонӣ ва ҳиссаҷудокунӣ ба фонди ҳифзи иҷтимоӣ ва нафақа 16 658 837 сомонӣ равона шуда, хароҷоти дигар моддаҳои ҳимояшаванда 10 048 347 сомониро ташкил дод. Инчунин, барои пардохти музди меҳнат ва суғуртаи иҷтимоии кормандони техникии муассисаҳои буҷети ҳамагӣ 315 781 сомонӣ маблағ пешбинӣ ва ба хароҷот бароварда шудааст. Мувофиқи маълумотҳо барои пурра пардохт намудани соҳаи иҷтимоиёт ба маблағи 92 580 041 сомонӣ хароҷот карда шуда, 98% ҳаҷми умумии хароҷотро дар бар мегирад. Барои моддаҳои ҳимояшаванда бошад ба маблағи умумии 85 729 979 сомонӣ ё 90,1% ҳаҷми умумии хароҷотро дар бар мегирад. Дар асоси фармоиши Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.03.2021, №53 ва фармоиши Сарраёсати молия дар вилояти Суғд аз 01.04.2020, №20 барои пардохт намудани кӯмакпулии давлатӣ ба 19 нафар кӯдакони то синни 16 сола, ки мубталои вируси ВНМО ва бемории БПМН мебошанд ба маблағи 23940 сомонӣ ва 23520 сомонӣ, ҷамъ ба маблағи 47460 сомонӣ, инчунин аз ҳисоби буҷети вилоятӣ ба маблағи 71500 сомонӣ дар асоси фармоиши Сарраёсати молия дар вилояти Суғд аз 04.08.2021, №43 барои расонидани кӯмаки яквақтаи моддӣ ба кормандони муассисаҳои тибби шаҳр ҷудо ва пардохт карда шудааст.

Хабарҳои нав