Боздид аз муассисаҳои таълимӣ

Боздид аз муассисаҳои таълимӣ Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ, таъмиру тармим ва омодагии муассисаҳои таълимии шаҳр ба соли нави хониш ва мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 шинос шуд. Раиси шаҳр бо роҳбаладии масъулини соҳа аз муассисаҳои таълимии рақамҳри 63, 12, 30, 34, 51, 39, муассисаҳои томактабии №20, 21, 13, коргоҳҳои дӯзандагии “Салимабону”, “Риштаи меҳр”, “Ҷаҳоноро” ва коргоҳи пойафзолбарории “Саманд” дидан намуда, бо вазъи фаъолияти онҳо аз наздик ошно шуд. Бояд тазаккур дод, ки дар самти таъмини хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо либоси мактабии истеҳсоли ватанӣ дар Исфара дар заминаи рушди соҳаи саноат давоми солҳои охир истеҳсоли либоси мактабӣ дар 4 корхонаҳои ҳудуди шаҳр роҳандозӣ гардидааст. Маврид ба зикр аст, ки дар шаҳру деҳоти Исфара 89 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо фарогирии 43 ҳазору 475 нафар хонандагон ба таълиму тарбия фаъолият доранд. Барои ин шумораи хонандагон либоси тавсиявии мактабӣ пурра дар коргоҳҳои дӯзандагии ҳудуди шаҳр тайёр карда мешаванд. Соли равон байни чор корхонаи дӯзандагӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои омода намудани 86 ҳазору 950 маҷмӯъ либосҳои мактабӣ шартномаҳои тарафайн ба имзо расонида шуда, рафти иҷрои онҳо таҳти назорат қарор дода шудааст. Зимни боздид раиси шаҳри Исфара доир ба омодагӣ ба соли нави таҳсил, риояи ҳатмии либосҳои тавсиявӣ, омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистонгузаронӣ, беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, фарогирии бештари кӯдакон ба марказҳои инкишофи кӯдак ва муассисаҳои томактабӣ, фаро гирифтан ба зинаи сеюми таҳсилот, пардохт намудани маблағи китобҳои дарсӣ ибрози андеша намуд. Шаҳрдори Исфара таваҷҷӯҳи аҳли маорифро бештар ба масъалаҳои ободонū ва муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таълимū, баландбардории маҳорату малакаи тахассусии омӯзгорон, таъмини самаранокии раванди таълим ва тарбияи ҳисси худшиносиву худогоҳū ва меҳанпарастū дар ниҳоди хонандагон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистū, ҳамчунин риояи қатъии талаботи Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак» ҷалб кард. Таъкид гардид, ки ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Исфара корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза пайдо намуда, бунёду азнавсозии иншооти гуногуни хоҷагии халқ бомаром идома дорад. Дар ин раванд таъмиру тармим ва бунёди муассисаҳои соҳаи маориф низ ба роҳ монда шуда, баҳри толибилмон шароити мусоиди таҳсил фароҳам оварда мешавад. Алҳол дар 4 муассисаҳои таълимӣ сохтмони биноҳои иловагӣ, синфҳои технологӣ ва дӯзандагӣ, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ ва сохтмони 2 кӯдакистон барои 200 ҷой дар деҳот, инчунин таъмири асосии як қатор иншоотҳо ҷараён дорад. Яке аз иншоотҳои ҷашнӣ сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ дар шаҳраки тозабунёди Моҳпарии шаҳр мебошад, ки бо мақсади беҳтарсозии шароити таълиму тарбияи хонандагон бо маблағгузории Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ бунёд гардида, барои таҳсили 480 нафар хонандагон дар як баст пешбинӣ шудааст ва дар арафаи оғози соли нави хониш мавриди истифода қарор дода мешавад. Дар ҷараёни боздид раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ба масъулин бобати чораандешӣ ҷиҳати анҷоми саривақтӣ ва босифати корҳои таъмиру тармим ва ободониҳо, омодагии комил ба мавсими тирамоҳу зимистон дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Хабарҳои нав