МУЛОҚОТ БО СОҲИБКОРОН

Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода бо соҳибкорон, раисони кумитаҳои маҳаллаҳо, имомхатибону фаъолони ҷамъиятӣ аз маркази шаҳру ҷамоатҳои деҳоти Зумрад, Сурх, Чоркӯҳ ва Ворух мулоқот доир намуд. Мулоқоти мазкур дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тақвияти шарикии давлат бо бахши хусусӣ ва ҳамкорӣ бо соҳибкорон бобати рушди самтҳои гуногуни хоҷагии халқ сурат гирифта, дар он масъалаи асфалтпӯшкунии роҳҳои асосии маркази шаҳр ва роҳи Исфара- Ворух мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зикр гардид, ки бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми солҳои 2021-2023 чандин иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ бунёд гардида, зиёда аз 21 км роҳҳои марказӣ дохилидеҳавӣ мумфарш карда шуданд. Дар маҷмуъ тӯли 3 соли охир 175, 2 километр роҳҳо мумфарш карда шуда, аз ин нишондод 134,1 км бо дастгирии соҳибкорону мардуми саховатпешаи Исфара анҷом дода шудааст. Дар баробари ин дар шаҳри Исфара кӯчаҳое ҳастанд, новобаста аз муҳим ва роҳи асосӣ ҳисоб шуданашон ҳамоно ниёз ба таъмиру азнавсозӣ доранд ва кӯчаи ба номи Бобоҷон Ғафуров, ки аз кӯчаҳои асосии бозори марказӣ ба ҳисоб мераваду дар онҷо соҳибкорони дохилӣ ва тоҷирон аз Ӯзбекистон савдо мекунанд, аз ҳамин қабил аст. Аз рӯйи ҳисобҳои пешакӣ барои асфалтпӯш кардани 500 метр роҳи мазкур бо паҳнои 12 метр ва ивази хатҳои обу ташноб то сероҳаи назди идораи роҳи оҳан 1 миллиону 37 ҳазор сомонӣ зарур мебошад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара тасмим дорад рӯзҳои наздик ба корҳои ободонии роҳи мазкур оғоз бахшад ва ба ин мақсад аз буҷети маҳаллӣ низ маблағ пешбинӣ шудааст. Дар баробари ин роҳи Исфара-Ворух дар қисмати Чордеҳ-Чоркӯҳ таъмирталаб буда, барои таъмири он андешидани тадбирҳои зарурӣ лозим аст. Дар ҷараёни мулоқот як қатор соҳибкорону фаъолон аз маркази шаҳру ҷамоатҳои деҳот андеша ва омодагии худро оид ба саҳмгузорӣ дар амали нек – асфалтпӯшсозии роҳҳо изҳор карданд. Дар фарҷом қайд гашт, ки амалигашти ин иқдоми наҷиб туҳфаи арзандае ба пешвози 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳад буд.

Хабарҳои нав