Муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо фаъолони шаҳри Исфара вохӯрӣ намуд
ДУШАНБЕ, 29.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара вохӯрии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо фаъолони шаҳр баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара хабар доданд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои татбиқи самараноки Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, таҳкими худшиносии миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсиву ҳуқуқии шаҳрвандон, тақвияти корҳои тарбиявӣ ва таҳкими ҳамкории сохторҳои давлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, эҳтиром ба арзишҳои фарҳангӣ, тарбияи насли ватандӯсту худогоҳ ва баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ баррасӣ гардид.
Иштирокдорон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро шарҳ дода, роҷеъ ба стратегияҳои давлатӣ, дастгирии ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкими худшиносию худогоҳии миллии ҷавонон сухан гуфтанд.
Зимни вохӯрӣ иброз гардид, ки интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз воситаҳои асосие мебошанд, ки гурӯҳу ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ бо истифода аз онҳо ва паҳн кардани ҳар гуна сабтҳои видеоӣ ва наворҳои таблиғотӣ шахсони алоҳида, хусусан наврасону ҷавононро, ки ҳолати равониашон ҳанӯз комил нест, ба сафи худ ҷалб менамоянд.
Таъкид карда шуд, ки барои ба доми фиреби онҳо наафтодан наврасону ҷавонон ва волидайнро зарур аст, ки фарҳанги истифодаи интернет, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ ва манфиату зарари онҳоро донанд, аз интернет самаранок ва мақсаднок истифода бурда, донишҳои техникию технологиашонро мустаҳкам намоянд. Падару модарон, ки таъминкунандаи телефонҳои мобилӣ ва маблағи интернети фарзанд мебошанд, даъват карда шуданд, ки фарзандонро пайваста назорат намоянд.
Дар вохӯрӣ ҳамзамон масъалаи сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ гирифт.
Муовини Сарвазри мамлакат инчунин бо вазъи якчанд муассисаи таълимӣ ва муассисаҳои томактабии деҳаи Чоркуҳи шаҳри Исфара шинос шуд.
Зимни шиносӣ ҳолати фаъолияти муассисаҳои мазкур, шароити таълиму тарбия, сатҳи таъминот бо таҷҳизоти зарурӣ ва муҳити фароҳамгардида барои омӯзгорону кӯдакон мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор гирифт.
Гуфта шуд, ки беҳтар намудани сифати таълим, фароҳамсозии шароити мусоиди кору таҳсил ва тақвияти заминаҳои моддию техникӣ аз самтҳои муҳими фаъолияти минбаъда ба шумор меравад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара
Сомонаи расмии МИҲД
Исфара