САРВАРИ КУМИТАИ РУШДИ МАҲАЛ БА ШАҲРИ ИСФАРА ТАШРИФ ОВАРД
Гурӯҳи кории Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Раиси кумита Камолиддин Муминзод ва бо ҳамроҳии муовини раиси вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ба шаҳри Исфара ташриф оварданд.
СУҲБАТИ ОШКОРОИ ШАҲРДОРИ ИСФАРА БО ЖУРНАЛИСТОН
Нишасти матбуотии Раиси шаҳри Исфара Шарифҷон Ҷумъазодаро, ки санаи 29 июли соли 2026 бо ширкати кормандони васоити ахбори умуми маҳаллӣ ва вилоятиву ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, метавон ошкорову самимӣ номид.
МУЛОҚОТИ РАИСИ ШАҲРИ ИСФАРА БО ОЛИМИ ШИНОХТА МУРТАЗО НАЗАРОВ
Раиси шаҳри Исфара Шарифҷон Ҷумъазода олим ва муҳаққиқи донишманд Муртазо Назаровро ба ҳузур пазируфт.
Зимни суҳбати самимиву созанда ҷонибҳо доир ба масъалаҳои муҳими рушди илм, фароҳам овардани шароити мусоид барои тарбияи кадрҳои ҷавон ва дастгирии ҳаматарафаи ҷавонони соҳибистеъдоду пажӯҳишгар мубодилаи афкор намуданд.
Маълумот оид ба таъмини иҷрои нақшаҳои қисми даромад ва хароҷоти буҷети шаҳри Исфара дар нимсолаи якуми соли 2026
Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара бо дастгирии Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара як қатор корҳои амалиро вобаста ба таъмини иҷрои буҷет ба сомон расонид.
ПОЙГОҲИ ОБКАШИИ «МОҲПАРӢ-1» БО ТАҶҲИЗОТИ МУОСИР ТАЪМИН ШУД
Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва зери роҳбарии бевоситаи раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумъазода баҳри беҳтар намудани инфрасохтори обёриву кишоварзии Исфара силсилатадбирҳои муҳим амалӣ карда шуда истодаанд.
МАҶЛИСИ НАЗОРАТӢ: ТАҲЛИЛИ АМИҚИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОИВУ ИҚТИСОДӢ
Дар шаҳри Исфара таҳти раёсати раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумъазода маҷлиси назоратӣ доир гардид, ки дар он вазъи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр, раванди иҷрои барномаи давлатӣ ва омодагиҳо ба чорабиниҳои муҳими соҳавӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.
БОЗДИДИ МУОВИНИ САРВАРЗИР АЗ ИСФАРА
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Усмоналӣ дар доираи сафари корӣ дар ҳамроҳӣ бо муовини якуми Раиси вилояти Суғд Суҳайли Қурбонзода ва раиси шаҳри Исфара Шарифҷон Ҷумъазода аз раванди корҳои ободониву созандагӣ, хоса дар самти рушди саноат, энергетика ва роҳсозӣ дар Исфара дидан намуд.
ИҚДОМИ БЕНАЗИРИ СОҲИБКОР МИРБОДУЛЛО КАРИМОВ
Каримов Мирбодулло - соҳибкори муваффақ аз Ҷамоати деҳоти Сурх барои бунёди муҷассамаи Зардолу дар даромадгоҳи шаҳр дар доираи маъракаи “Исфара - ифтихори мо, ободии он - вазифаи мо” 235000 сомонӣ маблағгузорӣ намуд.
Сомонаи расмии МИҲД
Исфара



