Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

      Шарофидинова Мавзуна Шамсидиновна 26 августи соли 1967 дар деҳаи Кӯлканди шаҳри Исфара, дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик.

      Маълумоташ олӣ буда, соли 1990 шӯъбаи ғоибонаи факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуровро  бо  ихтисоси муаллими фанни таъриху ҷамъиятшиносӣ ва соли 2010  филиали Хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис — агротехнолог  хатм намудааст.

      Фаъолияти меҳнатиашро моҳи январи соли 1985 ҳамчун мудири шӯъбаи баҳисобгирии кумитаи комсомолии Кооперативи истеҳсолии ба номи Ҳамроҳхӯҷа Мукаррамов (собиқ хоҷагии ҷомеавии ба номи Куйбишев) оғоз бахшида, минбаъд ба сифати котиби кумитаи комсомолӣ, коргузор ва сардори шўъбаи кадрҳои хоҷагии мазкур кор кардааст.

      Давоми солҳои 1999 – 2002 масъулияти раисии кумитаи иттифоқи касаба ва солҳои  2002-2007 сарварии кумитаи бонувони хоҷагии мазкурро ба уҳдабароёна зимма дошт.

      Моҳи феврали  соли 2007  раиси ҷамоати деҳоти Кӯлканди шаҳри Исфара интихоб гардида, то моҳи сентябри соли 2014  дар ин вазифа муваффақонаю назаррас ва пурмаҳсул фаъолият дошт.

      Моҳи феврали соли 2010 бо гирифтани аксарияти райъи мардум аз ҳавзаи интихоботии №14 «Чилгазӣ» вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд интихоб гардид.

       Шарофидинова Мавзуна Шамсидиновна дар мувофиқа ва бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  19 сентябри соли 2014 ба вазифаи муовини раиси шаҳри Исфара оид ба масъалаҳои иҷтимоиву фарҳангӣ таъин шуд.

Аз моҳи марти соли 2015 аз ҳавзаи интихоботии Исфара №20 вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

       Барои фаъолияти босамари меҳнативу хизматӣ ва саҳми арзандааш дар рушду инкишофи ҷомеа соли 2013 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардидааст.

        Оиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошад.