Тақдими кӯмакпулиҳо ба собиқадорони ҶБВ

Дар арафаи таҷлили 75-солагии Ғалаба аз болои Германияи фашистӣ ба 4 тан аз собиқадорони ҶБВ дар ҳаётбудаи маскуни шаҳри Исфара туҳфаҳои идонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мукофотҳои пулии раисони вилояти Суғд ва шаҳри Исфара супорида шуданд. Намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдуғаффор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд Шермуҳаммад Нодирӣ ва Раиси шаҳри Исфара Акрам Сулаймонзода ба манзили иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ Абдувалӣ Қаюмов аз ҷамоати деҳоти Хонобод, Иосиф Зоҳидов аз ҷамоати деҳоти Чилгазӣ, Охон Самадов аз шаҳраки Нефтобод ва Улмас Мирзоортиқов аз шаҳри Исфара, ташриф оварда, падарони шуҷову қаҳрамонро аз номи Роҳбарияти давлат ва ҳукумат бо солгарди навбатии Рӯзи Ғалаба аз болои фашизми гитлерӣ сидқан шодбош гуфта, барои ҷонфидоиву диловариашон дар ҷабҳаи наҷоти инсоният аз фашизм арзи ташаккур намуданд. Имсол ба ҳар собиқадори ҶБВ кӯмакпулии яквақтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаҷми 6 ҳазор сомонӣ, раиси вилояти Суғд 4 ҳазор сомонӣ ва раиси шаҳри Исфара 2000 сомонӣ супорида шуд. Имрӯзҳо ҳамчунин аёдату дидорбинӣ ва қадршиносии собиқадорони ҷанг ва меҳнаткашони арсаи оқибгоҳ аз тарафи раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ва сарварони ҷомеаҳои меҳнатӣ низ сурат мегирад.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан

Хабарҳои нав