ИСФАРА: КИШОВАРЗОН ИҶРОИ ДУРНАМОИ КИШТИ БАҲОРИРО 80 ДАР 100 ТАЪМИН НАМУДАНД

Роҳандозии дурусту мақсадноки корҳои таблиғотию фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ҷиҳати зиёд намудани ҳаҷми кишту парвариши сабзавот аз ҷониби кишоварзон ва аҳолӣ натиҷаҳои дилхоҳ медиҳад. Тибқи дурнамо кишоварзон бояд соли равон ба ҷойи 1000 гектари соли 2019 дар масоҳати 1400 гектар картошка кишту парвариш намуда, ҳамзамон дар майдони 1700 гектар кишти такрории зироатҳоро анҷом диҳанд, ки назар ба нишондоди соли гузашта ду баробар зиёд аст. Майдони умумии кишти баҳорӣ 2715 гектар буда, ба санаи 3 майи соли ҷорӣ дар масоҳати 2219 гектар зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла дар майдони 924 гектар картошка, дар 320 гектар дигар намуди сабзавотиҳо кишт карда, дар 231 гектар кӯчати помидор шинонида шудааст. Айни замон кишти картошка дар хоҷагиҳои кишоварзию деҳқонӣ ва инфиродии ҷамоатҳои деҳоти Ворух, Чоркӯҳ, Сурх ва Шаҳрак идома дорад. Роҳбарияти шаҳр масъалаи истифодаи пурраю самаровари заминҳои таъиноти кишоварзиро дар ҳамаи хоҷагиҳои ҷамъиятию деҳқонӣ, заминҳои Президентӣ, ҳарчи зиёд намудани майдони кишти сабзавот, гирифтани ду-се ҳосил ва ба ин васила таъмини бозори истеъмолӣ ва корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ бо ашъёи хом, инчунин захираи миқдори зарурии маводи ғизоиро барои ҳар як оила таҳти назари ҷиддию доимии худ қарор додааст. Тибқи дастури Раиси шаҳри Исфара Сулаймонзода Акрам ҳамзамон раёсати кишоварзӣ, сарварони хоҷагиҳои ҷамоавию деҳқонӣ ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар якҷоягӣ бо кормандони шуъбаи безараргардонии МНДСЭ ва мутахассисони марказҳои тропикӣ гуруҳҳо ташкил намуда, безараргардонии иншоотҳои хоҷагии деҳот ва бошишгоҳҳои саҳроӣ ва ҳам назорати риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдошти шахсию ҷамъиятиро ба роҳ мондаанд.

Коментарияҳо

Eleanore

If some one desires to be updated with most up-to-date technologies thwrefore he must be visit tthis website and be up to date all the time. Shop Apotheke in Deutschland apotheke-fritz.de https://www.apotheke-fritz.de/kamagra-oral-jelly-online

2020-05-29 01:55:46

Коментария гузоштан

Хабарҳои нав