Дар шаҳру деҳоти Исфара тадбирҳо

Дар шаҳру деҳоти Исфара тадбирҳо ҷиҳати пешгирии интиқол ва паҳншавии сирояти коронавируси намуди нави COVID-19 тақвият бахшида мешаванд. Аз ҷумла, бо мақсади амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти коронавирус Ситоди шаҳрӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ фаъолият дошта, дар корхонаву муассисаҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ, тадбирҳои зиддиэпидемикӣ ва безараргардонӣ роҳандозӣ карда мешаванд. Зеро, яке аз тадбирҳои аввалиндараҷа ва муҳими пешгирӣ аз вируси навъи нав чораҷӯиҳои санитарию эпидемиологӣ маҳсуб меёбад. Дар робита ба ин кормандони соҳаи тандурустӣ ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ имрӯзҳо корҳои заруриро дар самти пешигирӣ аз вируси навъи нав — COVID-19 анҷом медиҳанд. Бо таваҷҷуҳ ба ҳолати ҷойдошта ба тамоми ташкилоту муассисаҳо, корхонаю идораҳои кории мавҷуда, марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, барои гузаронидани корҳои иловагии санитарию зиддиэпидемикӣ дастуру супоришҳо дода шудааст. Дар асоси нақшаи таҳиянамудаи Ситоди шаҳрӣ бо мақсади амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ дар тамоми ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, идораҳои давлатию ғайридавлатӣ, марказҳои хизматрасонӣ, биноҳои ташкилоти сохтмонӣ корҳои безараргардонӣ бо маҳлулҳои тамизкунанда гузаронида шуда, таъминот бо маводи аввалини пешгирикунанда низ ба роҳ монда шудаанд. Дар ин раванд бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дастгирии соҳибкорону эҳсонкорон ҳамин гуна тадбирҳои безараргардонӣ дар тамоми кӯчаву хиёбон ва истгоҳҳои нақлиётии ҳудуди шаҳр ташкилу роҳандозӣ гардида истодааст. Боиси қаноатмандист, ки вусъати корҳои безараргардонӣ дар кӯчаву маҳаллаҳои шаҳр бо иштироки васеъи сокинон, саховатмандон, соҳибкорон ба кори дастҷамъона табдил ёфтааст. Дар густариши чораҳои зиддиэпидемикӣ оид ба пешгирии бемории коронавирус, аз ҷумла корҳои тамизгардонии роҳу кӯчаҳо хоса саҳми соҳибкорони маҳаллӣ назаррас арзёбӣ мешавад. Масалан, сарвари хоҷагии деҳқонии “Самадов” Ҷаҳонгир Самадов тасмим гирифтааст, ки аз ҳисоби худ тавассути се адад тракторҳои муосири дорупошии хоҷагӣ дар кори безарагардонии кӯчаҳои марказии шаҳр саҳмгузорӣ намояд. Бояд қайд намуд, ки кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва таъмини солимии шаҳрвандон дар ҳудуди Бозори марказӣ ва дигар бозорҳои шаҳру деҳот низ тадбирҳои беҳдоштиро амалӣ менамоянд. Хамзамон дар шаҳр барои андешидани тадбирҳои пешгирикунандаи паҳншавии бемориҳои сироятӣ гурӯҳҳои тарғиботию ташвиқотӣ таъсис дода шуда, бо аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр намудаанд. Аз ҷониби масъулин зимни мулоқотҳо бо аҳолӣ оид ба тозаю озода нигоҳ доштани атрофи биноҳои истиқоматию маъмурӣ, манзилҳои зист, риояи гигиенаи шахсӣ, тозагии назди даромадгоҳҳои биноҳои бисёрошёна, кам намудани рафтуомад дар ҷойҳои серодам, назорати доимии кӯдакону наврасон дар кӯчаю хиёбонҳо ва дигар масъалаҳои зарурӣ суҳбатҳо анҷом дода мешаванд.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан

Хабарҳои нав