Шиносоии раиси шаҳр бо раванди бунёди иншоотҳои ҷашнӣ

Ҷиҳати шиносоū бо ҷараёни корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни муқаддаси миллӣ – 30 - солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси шаҳри Исфара Сулаймонзода Акрам Раҳим аз як қатор иншоотҳои ҷашнӣ боздид ба амал овард. Бояд тазаккур дод, ки имрӯзҳо дар шаҳру деҳоти Исфара ҷиҳати истиқболи сазовори ин санаи фархунда маъракаи бунёдкориву ободонӣ вусъати тоза мегирад. Аз ҷумла дар шаҳру деҳоти Исфара таҳти шиори «1300 – рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тадбирҳои шоиста роҳандозӣ мегарданд. Ҳамзамон, нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ бахшида ба истиқболи ин ҷашни бузург таҳия гардида, тибқи он бунёду азнавсозии беш аз 400 иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ, аз ҷумла корхонаҳои истеҳсолӣ дар назар дошта шудааст. Зимни шиносоӣ бо раванди бунёди иншооти гуногуни таъиноти иҷтимоию иқтисодӣ, аз ҷумла биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ дар маҳаллаҳои Навобод, Баҳор, маҳаллаҳои 7-ум, 8-ум ва маркази шаҳр шаҳрдори Исфара таъкид дошт, ки иншоотҳои супоридашаванда бояд бо сифати баланд бунёд карда шуда, ба масоили ободонии иншоотҳои нав таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардад. Зикр карда шуд, ки баҳри истиқболи сазовори ҷашни бузурги Истиқлол ва дар пайгирӣ аз даъвати асосгузори сулҳу ваҳдат - Пешвои миллат, Президенти мамлакат оид ба ширкати фаъолонаи соҳибкорон дар раванди умури бунёдкориву созандагӣ соҳибкорони Исфара бо нишони дастгирӣ аз сиёсати дурусти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эътимоди қавӣ ба фардои неки Ватани маҳбуб дар маъракаи ободонӣ мавқеи пешсафиро ихтиёр намудаанд. Раиси шаҳри Исфара Сулаймонзода Акрам Раҳим зимни суҳбат бо соҳибмулкони иншоотҳо ҷиҳати вусъати корҳои бунёдкорӣ, дар амал татбиқ кардани ҳадафҳои созандаи Пешвои миллат, дастгирии иқдомҳои шоистаи шаҳрвандони кишвар, тадбирҳои муҳими омодагӣ ба ҷашни умумимиллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин иҷрои корҳои хайру савоб ба масъулини дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дода, даъват ба амал овард, ки баҳри ободу хуррамнамоии шаҳри азизамон кӯшиш намоянд.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан

Хабарҳои нав