Боздиди вазири саноат аз шаҳри Исфара

Ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи фаъолияти корхонаҳои саноатии шаҳр Вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Файзуллозода Заробиддин Қудрат аз шаҳри Исфара боздид ба амал овард. Вазири саноат дар роҳбаладии раиси шаҳри Исфара Акрам Сулаймонзода аз Ҷамъиятҳои саҳҳомии «Корхонаи кимиёвӣ», «Тамохуш», «Нилуфар», Комбинати масолеҳи бинокорӣ, «Субҳи Ватан», корхонаҳои коркард ва банду басти меваи хушки «Исфара-Фуд» ва «Баракат Исфара» дидан намуда, бо вазъи фаъолияти онҳо аз наздик ошно шуд. Бояд тазаккур дод, ки Исфара яке аз шаҳрҳои саноатии дорои имкониятҳои васеъи захираи ашёи хом маҳсуб ёфта, дорои 49 корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ мебошад. Дар сурати истифодаву корбурди пурраву самарабахши иқтидорҳои бузурги истеҳсолии корхонаҳои саноатӣ ва дигар захираву имкониятҳои моддии мавҷуда, соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр рушду инкишоф ёфта, метавонад дар пешрафту тараққиёт ва татбики ҳадафи чоруми стратегии кишвар-саноатикунонии босуръати мамлакат саҳми назаррас гузорад. Соҳаи саноати Исфара яке аз ҷузъҳои таркибии саноати ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, дар он потенсиали калони истеҳсолӣ, аз ҷумла барои истихроҷи ангиштсангу нафт, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, маҳсулоти саноати кимиёю металлургияи ранга, маводи хӯрока ва консерваҳои мевагию сабзавотӣ мавҷуд мебошанд. Саноатчиёни Исфара бо меҳнати босамар ва амалҳои некбинонаи худ баҳри бунёди ҷомеаи навин ва накӯаҳволии халқ якдилона саъю кӯшиш ба харҷ дода, бо истифода аз имконоти мавҷуда бо иҷрои Барномаҳои умумидавлатӣ ва соҳавӣ ба ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи хеш то ҷойе комёб гардидаанд. Иттилоъ дода шуд, ки дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ бо дарназардошти маҳсулоти сектори хусусӣ ва хизматрасониҳо 87,7 млн сомониро ташкил намуда, суръати афзоиш 100,1% таъмин гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 66,5 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра ба андозаи 33,8 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд, ки дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,1 млн. сомонӣ ё 10,2% зиёд мебошад. Новобаста аз ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр диққати роҳбарону мутахассисони соҳа ва соҳибкоронро ба истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, истеҳсоли маҳсулот бо истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ ва рақобатпазирии маҳсулоти содиротшаванда, таъсиси корхонаҳои нав бо дарназардошти ҷорӣ кардани технологияҳои замонавӣ равона кардааст. Зимни суҳбат бо саноатчиён Файзуллозода Заробиддин Қудрат таъкид дошт, ки барои рушди соҳа қабл аз ҳама роҳандозии тадбирҳое чун ташкили минтақаи озоди саноатӣ-инноватсионӣ, ҷалби сармоягузорони потенсиалӣ ва воридсозии технологияи пешқадам, ташаккули системаи пешбурди лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва иқлими созгори инвеститсионӣ лозим аст. Амалигашти ин тадбирҳо имконият медиҳад, ки масъалаҳои иҷтимоии Исфара, махсусан таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва мушкилоти инфрасохтор ҳал карда шаванд. Ҳамзамон Вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Файзуллозода Заробиддин Қудрат ба масъулини соҳа доир ба ҷалби сармояи мустақим, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, бобати истеҳсоли маҳсулоти баландсифату рақобатпазир, истифодаи технологияҳои муосир ва дар ин замина афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти мутобиқ ба талаботи бозор дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан

Хабарҳои нав