Дар Ҷамоати деҳоти Кӯлканди шаҳри Исфара муассисаи томактабӣ мавриди истифода қарор гирифт

23 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба Ҷамоати деҳоти Кӯлканди шаҳри Исфара ташриф оварда,​ дар маросими баистифодадиҳии кӯдакистони хусусӣ ширкат варзид. Муассисаи томактабӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба зиёд намудани теъдоди муассисаҳои таълимии хусусӣ ва ба муассисаҳои томактабӣ фаро гирифтани кӯдакон аз тарафи соҳибкор Абдувақкос Нишонов бунёд карда шудааст. Иншооти мазкур дар масоҳати 0,35 гектар ва ба маблағи 1 миллиону 260 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, дар он 150 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта хоҳанд шуд. Ёдовар бояд шуд, ки дар шаҳри Исфара ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию созандагӣ вусъат ёфта, тибқи нақшаи чорабиниҳо то соли 2021 сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру тармими зиёда аз 450 иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ба анҷом расонида мешавад. Мутобиқи нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ айни замон дар маркази шаҳр, Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ва Ҷамоати деҳоти Кӯлканд сохтмони чор кӯдакистони хусусӣ идома доранд. Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Коментарияҳо

Коментария гузоштан

Хабарҳои нав