Оғози мумфаршкунии кӯчаҳои шаҳр бо иштироки Раиси вилоят

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза мегиранд. Маъракаи мумфаршкунии роҳу кӯчаҳои асосии шаҳр аз ҷумлаи ин тадбирҳо маҳсуб ёфта, имрӯзҳо бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, саҳми соҳибкорони маҳаллӣ ва сокинон таъмири роҳҳо дар маркази шаҳр ва деҳоту шаҳракҳо асосан ба анҷом расидаву имрӯзҳо мумфаршкунии роҳҳои ҳудуди маҳаллаҳо идома дорад. Ахиран бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, раиси шаҳри Исфара Акрам Сулаймонзода ва собиқадорони меҳнат ба мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ оғоз бахшида шуд. Раиси вилоят зимни мулоқот бо сокинони шаҳр таъкид кард, ки ба истиқболи ҷашнҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳраку деҳоти Исфара беш аз 400 иншоот бунёд ва мавриди истифода қарор дода хоҳад шуд. Дар натиҷа, симои шаҳраку деҳоти Исфара беҳтар гардида, садҳо нафар бо ҷойи корӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд. Дар баробари ин, аз сокинон даъват карда шуд, ки барои ободу тоза нигоҳ доштани маҳалли зисти худ бетараф набошанд ва барои иҷрои корҳои ободонӣ беш аз пеш фаъолнокӣ зоҳир намоянд. Боиси қаноатмандист, ки вусъати корҳои мумфаршкунӣ дар кӯчаву маҳаллаҳои шаҳр бо иштироки васеъи сокинон, саховатмандон, соҳибкорон ба кори хайрхонаю дастҷамъона табдил ёфтааст. Дар густариши бунёдкориҳо ва аз ҷумла корҳои мумфаршкунӣ хоса саҳми соҳибкорони маҳаллӣ назаррас арзёбӣ мешавад. Масалан, соҳибкори саховатпеша Икромиддин Шарипов тасмим гирифт, ки 1,2 км роҳи бараш 6 метраи кӯчаҳои Додохон Шарипов ва Садриддин Айнии маркази шаҳрро аз ҳисоби маблағҳои пасандози худ ба маблағи 750 ҳазор сомонӣ мумфарш намояд. Ҷоиз ба зикр аст, ки мумфаршкунии роҳ, ки дар шафати он сокинони зиёд зиндагӣ менамоянд, бо иқдоми соҳибкор, ки он ҷо худ истиқомат мекунад ва дастгирии сокинони маҳалла рӯи кор омада, ҳамагон аз ин кори хайри соҳибкори саховатпеша ва ин иқдомоти созанда гарм истиқбол намуданд. Бояд тазаккур дод, ки чанде пеш бо саҳми боз ҳам ҳамин соҳибкори ободгар роҳи ҳудуди кӯчаи Навбаҳори маркази шаҳр низ ба пуррагӣ мумфарш карда шуда буд. Муассисаи нигаҳдории роҳҳои автомобилии шаҳр бо сафарбарнамоии техникаву таҷҳизот ва кормандон баҳри сифатан иҷро намудани корҳо мусоидат намуда, ният доранд таъмири куллии роҳи кӯчаҳои мазкурро рӯзҳои наздик ба анҷом расонанд. Мувофиқ ба иттилои масъулини идораи роҳсозии шаҳр, соли равон таъмири асосии 24 километр ва ҷории 76 километр роҳҳои ҳудуди шаҳру деҳоти Исфара ба нақша гирифта шудааст. Дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ мардуми шарифи Исфара бо вусъати корҳои ободонӣ дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, шаҳраку деҳот ва корхонаву муассисаҳо ҷаҳд доранд ки ин шаҳри бостонӣ боз ҳам рушду тараққӣ ва зебову ороста гардад.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан

Хабарҳои нав