Боздиди раиси шаҳр аз Кишоварзони Навгилем ва Кулканд

Тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти сари вақт кишт намудани зироатҳо, аз ҷумла сабзавоту полезиҳо, гирифтани се-чор ҳосил, ташкили гармхонаҳо, махсусан, дар заминҳои Президентӣ ва ҳатто наздиҳавлигӣ кишоварзони Исфара тасмим гирифтаанд, ки соли равон ҳаҷми майдони кишти картошка ва дигар намуди сабзавотро зиёд намоянд. Дар ин радиф бо мақсади шиносоū бо ҷараёни корҳои саҳроū Раиси шаҳри Исфара Сулаймонзода Акрам Раҳим ба деҳаи Навгилем ташриф оварда бо фаъолияти аҳли заҳмати Кооперативи тиҷоратии «Кишоварзони Навгилем» аз наздик ошноū пайдо кард. Ҳадафи боздиди шаҳрдор омӯзиши вазъу ҳолати воқеии истифодаи заминҳои таъиноти кишоварзӣ дар хоҷагиҳои ҷамъиятию деҳқонӣ, заминҳои президентӣ ва ҳамзамон тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти истифодаи самараноки замин буд. Кооперативи тиҷоратии «Кишоварзони Навгилем» яке аз хоҷагиҳои калони кишоварзū ба ҳисоб рафта, аҳли саҳрои хоҷагū имрӯзҳо ҷиҳати саҳмгирū дар таҳкими амнияти озуқавории малакат суботкорона заҳмат мекашанд. Ҷомеаи меҳнатии 540 нафараи хоҷагии мазкур дорои 630 гектар боғоту 275 гектар замини кушод буда, алҳол ин ҷо асосан ҷиҳати саривақт анҷом додани кишту кори баҳорӣ ҷаҳду талош мекунанд. Ба раиси шаҳр иттилоъ доданд, ки деҳқонони хоҷагū ният доранд, имсол дар майдони 140 гектар парвариши тухмиҳои гандуми навъи серҳосили ба шароити минтақа мувофиқро ба роҳ гузошта, ҳамчунин дар майдони 45 гектар ҷуворимакка барои дон, 57 га сабзавотиҳо, аз ҷумла 20 га помидор ва 20 га картошка кишт намоянд. Раиси шаҳр зимни боздид бо деҳқонону хоҷагидорон самимона мулоқот намуда, таваҷҷӯҳи аҳли меҳнатро ба масъалаҳои густариши фаъолияти истеҳсолū, иҷрои нақшаҳои пешбинигардида, тақвияти корҳо вобаста ба дигар самтҳои фаъолият, аз ҷумла афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ҷалб намуд. Дар идомаи боздид шаҳрдори Исфара ба деҳаи Кӯлканд ташриф оварда, бо боғи интенсивии бунёднамудаи сокини ҷамоат Насрулло Ёқубов шинос шуд. Тавре гуфта шуд, ин деҳқони асил бо ҳамроҳии аҳли оила аз ҳисоби заминҳои Кооперативи тиҷоратии ба номи Ҳамроҳ Мукаррамов тариқи шартномаи иҷора 5 гектарро гирифта, мавриди истифода қарор доданд. Алҳол дар ин ҷо беш аз 13 ҳазор бех ниҳоли қадпасти себ, ки аз давлати Сербия оварда шудааст, парвариш карда мешавад. Акрам Сулаймонзода ҳамзамон ба манзили чанде аз сокинони деҳаи Кӯлканд рафта бо ҳолати истифодаи заминҳои наздиҳавлигӣ шинос шуд. Раиси шаҳри Исфара Сулаймонзода Акрам Раҳим зимни вохӯрию мулоқотҳои худ бо хоҷагидорону кишоварзон ва суҳбатҳои инфиродиаш бо сокинон –соҳибони қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷиҳати ҳарчи зиёд намудани майдони кишти сабзавот ва истифодаи самаровари заминҳо, аз ҷумла заминҳои зери боғотро дастур дода, ҳамзамон ҷиҳати ҳамарӯза тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ гигиенаи шахсиву ҷамъиятӣ даъват ба амал овард.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан

Хабарҳои нав