ИСФАРА: ҲАҶМИ КИШТИ САБЗАВОТ 40 ДАР 100 ВА МАЙДОНИ КИШТИ ТАКРОРӢ БА МАРОТИБ АФЗОИШ МЕЁБАД

Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара тибқи дастуроти муҳтарам Пешвои миллат тасмим гирифтааст, ки соли равон ҳаҷми майдони кишти картошкаро 40 фоиз ва майдони кишти такрориро 100 фоиз зиёд намояд. Рӯзи шанбеи 18 апрели соли равон Раиси шаҳри Исфара Сулаймонзода Акрам Раҳим якҷоя бо сарварону масъулини бахши кишоварзӣ ба деҳоти Шахрак, Чоркӯҳ ва Ворух сафар намуда, бо рафти маъракаи кишт ва парвариши зироатҳои кишоварзӣ аз наздик шинос гардиданд. Ҳадафи боздиди шаҳрдор омӯзиши вазъу ҳолати воқеии истифодаи заминҳои таъиноти кишоварзӣ дар хоҷагиҳои ҷамъиятию деҳқонӣ, заминҳои президентӣ ва ҳамзамон тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти сари вақт кишт намудани зироатҳо, истифодаи самараноки замин, гирифтани ду-се ҳосил, захираи дусолаи маводи ғизоӣ дар ҳар як оила буд. Акрам Сулаймонзода ҳамзамон ба манзили чанде аз сокинони деҳаи Чоркӯҳ рафта бо ҳолати истифодаи заминҳои наздиҳавлигӣ шинос шуд. Тавре сардори раёсати кишоварзии шаҳр Мирилёс Ҳамзаев иттилоъ дод, кишоварзони Исфара тасмим гирифтаанд, ки соли равон ба ҷойи 1000 гектари соли 2019 дар масоҳати 1400 гектар картошка кишту парвариш намуда, ҳамзамон дар майдони 1700 гектар кишти такрории зироатҳоро анҷом диҳанд, ки назар ба нишондоди соли гузашта ду баробар зиёд аст. Майдони умумии кишти баҳорӣ 2906 гектар буда, ба санаи 18 апрели соли ҷорӣ дар масоҳати 901 гектар зироатҳо кишт карда шудаанд. Кишоварзон бо мақсади таъмини бозори истеъмолӣ ва бо ашъёи хом таъмин намудани корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар майдони 410 гектар кишту парвариши помидорро ба роҳ мемонанд. Раиси шаҳри Исфара Сулаймонзода Акрам Раҳим зимни вохӯрию мулоқотҳои худ бо хоҷагидорону кишоварзон ва суҳбатҳои инфиродиаш бо сокинон –соҳибони қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷиҳати ҳарчи зиёд намудани майдони кишти сабзавот ва истифодаи самаровари заминҳо, аз ҷумла заминҳои зери боғотро дастур дода, ҳамзамон ҷиҳати ҳамарӯза тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ гигиенаи шахсиву ҷамъиятӣ даъват ба амал овард.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан

Хабарҳои нав