КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ОСОИШГОҲИ ЗУМРАД

Осоишгоҳи "Зумрад" кайҳост, ки ҳамчун яке аз гӯшаҳои зебо, хушбоду ҳаво ва шифобахшандаи ҷисму руҳ маълуму машҳур аст. Имрӯзҳо бошад, "Зумрад"-ро боз чун майдони ҷаҳдҳои наҷиби бунёдкориву созандагиҳои босуръат ном мебаранд. Воқеан ҳам таи чанд соли охир ба шарофати таваҷҷуҳи хосса ва дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмати пайвастаи коргарону мутахассисони Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи "Сомонсуғд" дар самти ободонӣ, таҳкими пойгоҳи моддию техникӣ, муҳайё намудани шароити хуби истироҳату табобат ва тавонбахшӣ дар осоишгоҳ корҳои зиёде ба сомон расонида шудаанду кунун ҳам идома доранд. Дар доираи чорабиниҳо баҳри амалигардонии ҳадафҳои "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" ҷиҳати ба талаботи муосири соҳаи сайёҳӣ мутобиқсозии сатҳу сифати хизматрасонии осоишгоҳӣ тадбирҳои мушаххас андешида мешавад. Дар ин радиф ин ҷо сохтмони меҳмонхонаи нав идома дорад, ки аз таҳхона ва 9 ошёна иборат буда, дар таҳхона ташкил намудани хуҷраҳои ташхисию табобатӣ бо таҷҳизоти муосири соҳавӣ дар назар дошта шудааст. Дар ошёнаи якум қабулгоҳ ва ҳуҷраҳои қабули табибон, инчунин толори варзишӣ - фитнес, нуқтаҳои тиббӣ, фурӯши рӯзномаю маҷаллаҳо, армуғонҳо ва кошонаи ҳусн, дар ошёнаи дуюм маҷлисгоҳ, ошхона ва дар ошёнаҳои болоӣ ҳуҷраҳои истиқоматӣ барои 640 нафар истироҳаткунанда ба нақша гирифта шудааст. Ҳамаи ҳуҷраҳо мутобиқ ба талаботу меъёрҳои стандарти муосир бунёду муҷаҳҳаз ва бо шабакаи ҷаҳонии интернет пайваст карда хоҳанд шуд. Боми бино низ барои истироҳату фароғат ва ҳам пешбурди амалҳои иқлимшифоӣ - табобат бо нури офтоб пешбинӣ шудааст. Дар шафати бинои мазкур мутобиқи лоиҳаи муосир аквапарк низ бунёд карда мешавад. Ташхиси дақиқу табобати дуруст омили асосии афзунгардонии теъдоди истироҳаткунандагон маҳсуб мешавад. Бо дарки амиқи ин нукта давоми як соли охир ба осоишгоҳ беш аз 40 адад дастгоҳу таҷҳизотҳои замонавии физиотерапевтӣ ворид карда шуд, ки бе шак сатҳи самаранокии умури табобатро дар осоишгоҳ ба маротиб боло бурд. Аз ҷониби роҳбарияти осоишгоҳ ба масъалаи сифати хизматрасонӣ дар ошхона ва таркиби ғизои истироҳаткунандагон низ таваҷӯҳи хосса зоҳир карда мешавад. Зеро дар "Зумрад" истироҳаткунандагон се маҳал бо хӯрокҳои табобативу парҳезӣ таъмин буда, ба ҳар истироҳаткунанда ба таври алоҳида тановули ин ё он таом бо дарназардошти натиҷаи ташхиси вазъи саломатиаш аз ҷониби пизишкон тавсия мегардад. Бо мақсади таъмини пурраи ошхонаи осоишгоҳ бо гӯшт, шир, сабзавоту полезиҳо фермаи моливу ширӣ ва 4 адад гармхона ҳам фаъолият мебаранд. Дар гармхонаҳо меваҳои ситрусӣ, сабзавот, полезиҳо, ба монанди помидору бодиринг, қаламфури булғорӣ ва кабудиҳо парвариш карда мешаванд. Дар осоишгоҳи "Зумрад" дар рӯзҳои фориғ аз табобат ба истироҳаткунандагон сайру саёҳатҳо ба маконҳои таърихиву тамошобоби шаҳри Исфара ва маркази вилояти Суғд ташкил карда мешаванд. Тибқи нақша дар осоишгоҳи "Зумрад" дар ояндаи наздик барои истироҳату фароғат ва табобати 1200 нафар шароитҳои ҷавобгӯй ба талаботи муосир фароҳам оварда хоҳад шуд. Ҳамзамон бо ин дар ин ҷо 300 ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад, ки барои ба шуғл фаро гирифтани сокинони маҳаллӣ мусоидат менамояд. Ҳамин зайл, осоишгоҳи "Зумрад" ба туфайли ҷаҳди пайваста ва самаровари роҳбарияти он, ба шарофати фазилати нек ва меҳнати софдилонаю ободкоронаи кормандонаш рӯз ба рӯз симои тозаву фараҳафзо ба худ мегирад.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан

Хабарҳои нав