Ҷаласаи федератсияи футбол

Маҷлиси умумии федератсияи футболи Исфара доир гардида фаъолияти Федератсияро дар соли 2019 ва як қатор масъалаҳои дигарро мавриди баррасӣ қарор дод. Нахуст аъзои федератсияи футболи шаҳр Нуъмонҷон Абдуназаров бобати ҳунарнамоии футболбозони Исфара дар лигаи якуми мамлакат, дастоварду мушкилотҳои даста маълумот дод. Аз ҷумла зикр гардид, ки футболбозони Исфара соли 2019 дар лигаи якуми чемпионати Тоҷикистон баромад намуда, байни 14 даста дар зинаи 10-уми мусобиқа ҷой гирифтанд, ки албатта ин натиҷа қаноаткунанда нест. Масъулин баромади сусти дастаро дар чемпионат ба набудани маблағузории саривақтӣ, дер оғоз намудани тамринҳо ва нокифоягии омодагии чисмонии футболбозон арзёбӣ мекунанд. Нуъмонҷон Абдуназаров фикру андешаҳояшро бобати бурду бохти даста ва андешидани тадбирҳои бетаъхир баҳри рушди футболи Исфара баён дошта, қайд намуд, ки давоми чанд соли охир ба рушди варзиш дар шаҳру деҳоти Исфара диққати хоса дода мешавад. Бунёди зиёда аз 40 варзишгоҳҳои замонавии хурди футбол далели ин гуфтаҳо буда, интизор меравад, ки бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон боз як қатор майдончаҳои хурди варзишӣ дар маҳаллаҳои шаҳр барои истифодаи сокинон вогузор гардад. Дар ҷараёни ҷамъомад масъалаҳои ташкилӣ низ баррасӣ гардиданд. Саломзода Сиҷоуддин аз раисии федератсияи футболи Исфара озод карда шуда, ба ҷойи ӯ Сулаймонзода Акрам Раҳим раиси нави федератсияи футболи Исфара интихоб гардид. Шаҳрдори Исфара Сулаймонзода Акрам Раҳим рушди варзиш ва хоса футболро дар шаҳру деҳоти Исфара яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Макомоти ичроияи махаллии хокимитяти давлатū арзёбӣ намуд. Зимнан гуфта шуд, ки дар Исфара дар радифи накшаву барномахои чумхуриявии ба рушду нумуи варзиш ва тарбияи чисмони нигаронида шуда Барномахои «Мачмуи рушди тарбияи чисмони ва варзиш дар шахри Исфара» ва «Рушди футбол дар шахри Исфара барои солхои 2016 – 2020» кабул ва муваффакона амали карда мешаванд. Минбаъд муовини аввали раиси шаҳр Собитҷон Умарзода, сарвари осоишгоҳи «Зумрад» Абдулмӯмин Ҳалимов, раиси хоҷагии Чоркуҳ Неъматбой Олимов, сарвари ҶС «Корхонаи кимиёвӣ» Субҳоналӣ Шерализода, сарвари маркази бақайдгирии молу мулки ғайриманқул Хурсанд Муҳаммадзода ва чанде дигар аз аъзои федератсия вобаста ба масъалаҳои баррасишаванда андешаҳои хешро баён намуданд. Сарварони корхонаву муассиса, ташкилоту хоҷагиҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва соҳибкорони муваффақи Исфара, ки дар ҷаласа иштирок доштанд, омодагии хешро бобати дастгирии молиявии дастаи яккачини футболбозони шаҳр иброз доштанд. Сарвари федератсияи футболи шаҳр Сулаймонзода Акрам Раҳим бо арзи сипос ба сарварони меҳандӯст ва соҳибкорони саховатпеша, инчунин таманиёти нек ба футболбозони дастаи яккачини Исфара ҷаласаро ҷамъбаст намуд.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан

Хабарҳои нав