ДАВИ НАВРӮЗӢ ВА МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ

Бо мақсади рушду оммавияти варзиш ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Исфара чун дар саросари кишвар субҳи рӯзи шанбе дави наврӯзӣ ва марафони вилосипедронӣ баргузор гардид. Маросими ифтитоҳи чорабинии мазкур бо каломи шодбошии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Сулаймонзода Акрам Раҳим оғоз гардид. Ӯ аз ҷумла таъкид дошт, ки дар айёми таҷлили ҷашнвораҳои миллии ниёгони мо, чун Наврӯзу Меҳргон ва Сада баргузор шудани бозӣ ва мусобиқаҳои мухталифи варзишӣ аз пайванду ягонагии фарҳанг ва варзиши миллӣ дар андешаи ниёгони мо гувоҳӣ медиҳад. Маҳз ҳамин суннати олӣ аст, ки имрӯз низ варзиш дар фазои истиқлолият ва соҳибдавлатии мо чун ҷузъи таркибӣ ва пураҳамияти фарҳанги навини халқамон дар пешбурди сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон таъсири пурфайзе мегузорад. Дави наврӯзӣ аз назди варзишгоҳи марказии шаҳр шурӯъ шуда, дар майдони ба номи Исмоили Сомонӣ ба анҷом расид. Дар ин чорабиниии муҳими варзишӣ зиёда аз 3000 нафар сокинони шаҳр ва ҳаводорону дӯстдорони варзиш ва дар марафони вилосипедронӣ зиёда аз 200 нафар вилосипедронон иштирок намуданд. Мавриди зикр аст, ки давидан яке аз намудҳои асосии варзиши сабук ба ҳисоб рафта, касоне ки ба он машғул мешаванд, чусту чолок, ҷасуру моҳир ва тавоно мегарданд. Ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли чорабинии варзишӣ диплом ва туҳфаҳои Кумитаи тадорукот тақдим карда шуд.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан

Хабарҳои нав