Боздид аз корхонаҳои коркард

Бо мақсади шиносоū бо фаъолияти корхонаҳои коркард ва банду басти меваи хушк и.в. раиси шаҳри Исфара Сулаймонзода Акрам Раҳим аз ҶДММ «Висол-Исфара», «Баракат Исфара», «Исфара -фуд», «Фозилов А.» ва «Нур-фуд»-и шаҳр боздид ба амал овард. Шаҳрдори Исфара зимни суҳбат сарварони корхонаҳо изҳор дошт, ки таваҷҷўҳи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи боғдорӣ ва ҳарчи бештар истеҳсолу содирот намудани меваҳои шаҳдбори кишвар, бахусус зардолу хоса мебошад. Маҳз, бо талошу раҳнамоии Сарвари давлат солҳои охир дар ҷумҳурӣ, бахусус дар вилояти Суғд корхонаҳои бандубасти мева ба фаъолият шурўъ намуданд, ки ба беҳдошти сифати маҳсулоти содиротӣ ва баланд шудани сатҳи зиндагии мардум мусоидат мекунанд. Боиси қаноатмандист, ки дар ин радиф, дар шаҳри Исфара бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва саҳми соҳибкорони маҳаллū 12 корхонаҳои коркард ва бандубасти меваи хушк бунёд шудаву мавриди истифода қарор доранд. Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Сулаймонзода Акрам Раҳим зимни шиносоӣ бобати истеҳсоли маҳсулоти баландсифату рақобатпазир, истифодаи технологияҳои муосир ва дар ин замина афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти мутобиқ ба талаботи бозор дастуру супоришҳои мушаххас дод. Дастур дода шуд, ки барои самаранокии фаъолияти коргарон шароитҳои зарурū фароҳам оварда шуда, ба сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда шавад. Мавриди зикри хос аст, ки тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсулоти ҳамаи корхонаҳо асосан ба содирот ба Русия, Беларусу Украина ва давлатҳои Иттиҳоди Аврупо нигаронда шудааст. Сифати истеъмолии қисмати зиёди ин маҳсулот дар озмоишгоҳҳои мӯътабари байналмилалӣ озмуда шуда, соҳиби сертификати ҷаҳонии HASP мебошанд.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан

Хабарҳои нав