Таҷлили Рӯзи матбуот дар Исфара

Ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик бо ширкати роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ҷомеаҳои меҳнатӣ, собиқадорони соҳа ва аҳли қаламу кормандони расонаҳои хабарӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Муовини раиси шаҳри Исфара Мадина Бобоиён дар радифи таъкиди таваҷҷӯҳу ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҶТ дар самти фароҳам овардани шароитҳои созгор баҳри фаъолияти пурсамари васоити ахбории омма ва нақши онҳо дар таҳкими дастовардҳои Истиқлолияти давлативу ваҳдати миллӣ, дар робита бо таърихи ташкил ва такомули матбуоти тоҷик, аз ҷумла матбуоти шаҳри Исфара маърӯза намуда, аҳли қалам ва кормандони расонаҳои иттилоотии шаҳру деҳоти Исфараро бо иди касбиашон самимона шодбош гуфт. Таъкид гардид, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо воситаҳои ахбори омма, новобаста аз шакли моликият, ҳамкории хубу самаранок дорад ва барои ҳалли масоили иҷтимоӣ аз нерӯи зеҳнии журналистон истифода бурда, мунтазам аҳли қаламро дастгирӣ менамояд. Муовини раиси шаҳр ҳамзамон изҳори боварӣ намуд, ки кормандони васоити ахбори умум, аҳли қалами шаҳри Исфара бо илҳом аз сиёсати муваффақонаву инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таҳияи маводҳои ҷолибу нишонрас дар ҷодаи тарғиби ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистони маҳбуб, инъикоси дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии мардум ва даъвати бештари аҳолӣ ба вусъати корҳои ободониву созандагӣ ва истиқболи сазовори санаи саодати миллат – 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми имкониятҳо фароҳам истифода хоҳанд намуд. Минбаъд собиқадори соҳа, дорандаи ордени «Шараф», узви иттифоқи журналистони Тоҷикистон Судуриддин Маҳкамов бо баробари таҳнияти ҳозирин ба муносибати ҷашни саид ба кормандони расонаҳои хабарӣ ва аҳли қалам баҳри иҷрои рисолати касбиашон ҳидоятҳои нек дод. Дар фарҷом як қатор собиқадорон ва кормандони воситаҳои ахбори маҳаллӣ бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва бахши шаҳрии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан

Хабарҳои нав