Таҷлили Рӯзи модарон

Дар шаҳри Исфара Иди модарон бо муҳаббат ва самимияти беинтиҳо, бо арҷгузории хоса ба бузургӣ ва азамати модарони поксиришт ҷашн гирифта шуд. Ба ин муносибат дар маркази фарҳангии «Шоҳон» бо иштироки собиқадорони меҳнат, бонувони фаъол ва намояндагони ҷомеаҳои меҳнатӣ маҳфили идона доир гардид. Нахуст иштирокдорони чорабинӣ аз растаи ҳунарҳои миллӣ ва маҳсули дастранҷи занону модарон ва аҳли ҳунари шаҳр, ки бо ғановату рангорангии маҳсули дастони ҳунармандони халқӣ таваҷҷуҳангези умум буд, дидан намудаву таассуроти нек ба худ гирифтанд. Маросими тантанавии ба қайди давлатӣ гирифтани таваллуди 10 кӯдаки навзод бо шукуҳи хоса сурат гирифта, ба онҳо туҳфаҳои хотиравии Раиси шаҳр тақдим карда шуданд. Зимни суханронӣ дар ҷамъомади тантанавӣ бо ширкати фаъолзанони шаҳру деҳоти Исфара иҷрокунандаи Раиси шаҳр Сулаймонзода Акрам Раҳим занону бонувонро ба муносибати фарорасии Баҳори оламафрӯз ва ҷашни муқаддас – Рӯзи модар самимона муборакбод намуда, дар такя ба гуфтори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таъкид дошт, ки “Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерӯбахши рӯҳу ҷон мебошад”. Тавре хоса зикр гардид, дар партави хираду муҳаббати Пешвои муаззами миллат мақоми зан дар ҷомеаи навини мо ба таври назаррас баланд гардида истодааст. Дар зарфи 29 соли соҳибистиқлолии кишвар давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, дар доираи сиёсати иҷтимоии худ, бо дарназардошти мақому мартабаи шоистаи занон ва таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо, кафолати давлатии баробарҳуқуқии мардону занон, тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд як силсила санадҳои муҳиму чорасозро қабул ва дар амал татбиқ намуд. Мавқею мақоми шоиста ва эътибору нуфузи баланде, ки имрӯз бонувони Исфара доранд, инчунин намояндагии онҳо дар мақомоти олии қонунгузор, ҳокимияти иҷроия ва дигар сохтору мақомоти давлативу ҷамъиятӣ тақвиятбахшандаи ин гуфтаҳоянд. Аз ин ҷост, ки дар шаҳру деҳоти Исфара шумораи занони дар ҳайати роҳбарикунандаи ҳамаи зинаҳои идоракунии давлатию ҷамъиятӣ зиёд шуда истодааст. Боиси қаноатмандист, ки занони Исфара ҳамсафу ҳамқадами замон буда, садҳо нафар бонувони бомаърифати мо дар вазифаю мақомҳои гуногун барои пешбурди ҳаёти ҷамъияти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавии шаҳр саҳму нақши муҳим доранд. Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ҷамшед Умарзода табрикоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонида, зикр сохт, ки эҳтирому арҷгузорӣ ва шинохти қадру манзалати Модар вазифаи инсонии ҳар фарди худогоҳ буда, маҳз ҷозибаи ҷонбахши Модар, меҳру самимияти гарм ва ғамхории пайвастаи модарон ва хоҳарони мо зиндагиро нуру зиёи хоса мебахшад. Бояд тазаккур дод, ки ба як қатор фаъолзанони шаҳр, ки дар раванди тантанаҳои идона ширкат ва ҳузур доштанд, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим карда шуд. Ҳамзамон, барномаи ҷолиби фарҳангии омодасохтаи ҳунармандону хунёгарони Исфара ба аҳли ҷамъомад таассуроти неку бебозгашт бахшид.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан

Хабарҳои нав