Баргузории иҷлосия

Дар маҷлисгоҳи калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара таҳти раёсати раиси Маҷлиси шаҳрӣ Сулаймонзода Акрам Раҳим Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр (даъвати 6-ум) баргузор гардид. Дар кори он ба ғайр аз вакилони Маҷлиси шаҳрии даъватҳои 5 ва 6, инчунин аъзои комиссияи шаҳрии интихобот, шӯъбаҳо ва бахшҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти двлатии шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҷомеаҳои меҳнатӣ, васоити ахбори умум ширкат доштанд. Пас аз тасдиқи рӯзномаи иҷлосия раиси комиссияи шаҳрии интихобот Содирхон Қосимӣ оид ба натиҷаҳои интихоботи вакилон ба маҷлиси вакилони халқи шаҳр дар 40 ҳавзаи интихоботӣ гузориш пеш овард. Тавре зикр гардид, дар 40 ҳавзааи интихоботӣ 79 нафар номзадҳо ба вакилии Маҷлиси шаҳрӣ ба қайд гирифта шуда, дар рӯзи интихобот 39 нафар вакилон интихоб гардиданд. Дар 39 ҳавзаи интихоботӣ вакилони пирӯзгардида аз 52 то 83,5 фоизи овозҳои интихобкунандагонро соҳиб шуданд. Дар ҳавзаи интихоботии Ваҳдат №32 бошад, бинобар миқдори зарурии овозҳоро нагирифтани номзадҳо вакил интихоб нагардид ва тибқи талаботи қонун дар ин ҳавза интихоботи такрорӣ баргузор хоҳад шуд. Аз шумораи умумии вакилон 14 нафарашонро занон ва 25 нафарашонро мардҳо ташкил медиҳанд. Ҳамин тариқ ваколати 39 нафар вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр (даъвати 6) тасдиқ карда шуд. Раиси Маҷлиси шаҳрӣ Сулаймонзода Акрам Раҳим ба ҳайати комиссияҳои интихоботии Исфара рақами 20 ва шаҳрии интихобот, инчунин вакилони даъвати панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр барои меҳнати пурсамар миннатдории самимӣ баён дошт. Аз тарафи вакилон Дастури Маҷлиси вакилони халқи шаҳр (даъвати 6) ва Низомномаи комиссияҳои доимии маҷлиси вакилони халқи шаҳр тасдиқ гардид. Вакилони иҷлосия аз тариқи овоздиҳии пинҳонӣ ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Суғд, № 2 номзадии узви ҲХДТ, сардухтури Беморхонаи минтақавии рақами 5 Ҳакимова Карима Муқимовнаро якдилона пешбарӣ намуданд. Иҷлосия ҳамчунин рӯйхати вакилони интихобкунандаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара даъвати 6 ба ҷаласаи якҷояи ҳамаи мақомотҳои намояндагии вилоят оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҳавзаи интихоботии Суғд № 2 ва як қатор қаророи раиси шаҳрро тасдиқ намуданд. Раиси Маҷлиси шаҳрӣ Сулаймонзода Акрам Раҳим таъкид намуд, ки ҳар як вакилро халқ бо умеду орзуҳои зиёд ба ҳайси намоянда пазируфт ва кунун вакилонро зарур аст, ки ҳатман аз паи иҷроиши барномаҳои пешазинтихоботии худ шаванд ба ин васила ба эътимоду боварии интихобкунандагони худ ноил бояд шуд. Муовини раиси вилояти Суғд Баҳоваддинзода Баҳодур, ки дар кори иҷлосия ҳузур дошт, аз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлату ҳукумат бобати ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, саҳми бевоситаи вакилони халқ дар иҷрои онҳо ҳарф зада, ба намояндагони мардумӣ таманноҳои нек баён намуд. Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шањри Исфара Сулаймонзода Акрам Раҳим дар фарҷом, ба масъулин, аз ҷумла ба раисони љамоатњои шаҳраку дењот бобати иҷрои саривақтии нақшаи андоз, вусъати корҳои кишоварзӣ, таъмини босифати нақшаи даъвати ҳарбӣ, вусъати омодагиҳо ба таҷлили сазовори 30 солагиии Истиқлолияти давлатии ҶТ, эътибор ба амалишавии ҳадафҳои созанда ва тарҳу лоиҳаҳои бунёдкоронае, ки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр рӯйи кор овардааст, дастуру супоришҳо дод.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан

Хабарҳои нав