Хабари "Радиои Озодӣ" асос надорад

Хабари "Радиои Озодӣ" асос надорад Иттилои "Радиои Озодӣ" дар бораи он ки гӯё, ки дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар мавзеи "Қуммазор" садои тирпарронӣ соати 10-и шаби 7 ба 8 августи соли ҷорӣ баланд шуда бошад, асоси воқеӣ надорад. Паҳни хабари мазкур бори дигар нишон медиҳад, ки ин расонаи иттилоотӣ ва рӯзноманигорони он ҳадаф худро дар паҳн кардани маълумоти носаҳеҳ ва носанҷида мебинанду бештар вобаста ба эҳсос ва муносибати шахсиашон ба масъала рафтор мекунанд, ки ҷавобгӯи касбияти журналистӣ нест. Аввалан сарчашмаи хабар номаълум аст ва рӯзноманигор матлаби худро ба шахсияти номуайян (бо баҳонаи накушодани сарчашмаи иттилоот) рабт додааст. Дар ҳоле, ки ҳадди ақал хабари шунида аз се сарчашма тасдиқ гардиданаш зарур аст. Чунин ба назар мерасад, ки ин хабар хабари дар болои диван бо парвози хаёл навишташударо мемонад. Баъдан сарчашма муътамад нест ва чун муътамад нест хилофи арзишҳои журналистӣ чоп ва нашри он мебошад. Аҳмадҷон Сафаров, сокини ҷамоати Чоркӯҳ (сокини деҳа бояд бошад, чун ҷамоат сохтори маъмурист ва сокин дошта наметавонад) шахсияти мавҳум мебошад ва барои тақвияти гуфтаи ӯ сабти аудиоӣ ва ё расмаш оварда нашудааст. Пас ба воқеияти гуфтаҳову будани ин гуна шахс шубҳа хеле зиёд аст. Аз ҷониби дигар агар панҷ дақиқа тирпарронӣ шавад, эҳ-ҳе медонед чӣ шуданаш мумкин? Тасаввур кунед!!! Сониян расм аз бойгонӣ бошад ҳам, табиати тирамоҳӣ ва зимистона дорад, дар ҳоле, ки чиллаи тобистон мебошад. Яъне бо ибораи худи журналистон метавон ба он тамғаи фейкро зад ва шоиста нест, ки ин гуна маводҳо минбаъд паҳну нашр шаванд. Зеро боиси нофаҳмӣ ва ташаннуҷи вазъ дар сарҳад шуданаш мумкин аст. Ба ҳар сурат рисолати журналистика ин риояи тавозун ва зарар нарасонидан мебошад, ки боварӣ дорем минбаъд он дар мисоли Исфара аз ҷониби журналистон, хосса рӯзноманигорони "Радиои Озодӣ" риоя хоҳад шуд.

Хабарҳои нав