Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара

Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати шашум баргузор гардид, ки дар ҷараёни он ҳамчунин муовинони раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи раиси шаҳр, раисони ҷамоати шаҳраку деҳот, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори умум ширкатдоштанд. Пас аз садо додани суруди миллӣ раиси маҷлис, раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ба кори иҷлосия ҳусни оғоз бахшид. Вакилон рӯзномаи кори иҷлосия ва ҳайати котиботи онро тасдиқ намуданд. Дар оғози кори иҷлосия раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ҳозиринро бо тағйиротҳои кадрӣдар макомоти ичроияи хокимияти давлатии шахри Исфара шинос намуд. Аз ҷумла, бо карорхои раиси шахри Исфара Умарзода Собит Идрис сардори Раёсати иктисод ва савдо, Асадуллоев Бурхонбек Чумонкулович мудири шуъбаи меъмори ва шахрсозии макомоти ичроияи хокимияти давлатии шахр таъин карда шудаанд. Хамчунин дар асоси карорхои Мачлиси вакилони чамоатхои шаьраку дехоти Исфара Турсунова Парвина- раиси Чамоати дехоти Навгилем, Аъзамов Бахриддин- Раиси Чамоати дехоти Чилгази ва Болтаев Одилчон ичрокунандаи вазифаи раиси Чамоати шахраки Шўроб интихоб гардиданд. Нахуст аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаоид ба рафти ичрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 гузориши вакил аз хавзаи интихоботии №6,муовини раиси шаҳр Мадина Бобоиён шунида шуд. Аз рӯи масъалаи дигари рӯзнома «Дар бораи ҷамъбасти иҷрои нақшаи даъвати баҳоронаи ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифахо дар маъракаҳои оянда» вакил аз ьавзаи интихоботии “Баланд” №26, муовини Раиси шаҳр Суруридин Зиёваддинзода баромад намуд. Дар муҳокимаи масъалаи зикршуда вакилон Меҳрӣ Раҳматова, Мирзомаъруф Бобоев ва Саида Улмасова иштирок намуданд. Ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара оид ба масъалаҳои сиёсати аграрӣ, хӯрокворӣ ва хизматрасонӣ ба аҳолӣро вакил аз ҳавзаи интихоботии “Ваҳдат” №32, муовини раиси шахр Муҳиддинзода Муҳаммад манзур намуд. Сипас, вакил аз ҳавзаи интихоботии «Шаҳраки боло» №37 Офтобхон Эргашева дар назди вакилон аз рафти иҷрои ваколатҳои вакилиаш ҳисобот дод. Дар идомаи иҷлосия вакилон масъалаҳоро «Дар бораи номгузории объектҳои ҷуғрофӣ ва физики»,«Дар бораи ворид намудани тағйирот ба накшаи кисми даромади бучети махаллии шахри Исфара» барои семохаи дуюми соли 2022,«Дар бораи ворид намудани тагирот ба карори Мачлиси вакилони халки шахри Исфара аз 12 марти соли 2020» мавриди баррасӣ қарор дода, ҳамзамон як қатор қарорҳои раиси шаҳрро низ тасдиқ намуданд. Дар кори иҷлосия намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори шуъбаи Раёсати асноди ҳолатҳои шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Файззода Лолахон иштирок ва баромад намуд.

Хабарҳои нав