Сардори шӯъбаи якуми ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара полковники милитсия Исозода Набиҷон Исо

Сардори шӯъбаи якуми ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара полковники милитсия Исозода Набиҷон Исо ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва коҳиш додани сатҳи ҷиноткорӣ бо аҳли ҷамъиятчигии шахри Исфара мулоқоти озоду ошкоро доир намуд. Вохурӣ дар Қасри фарҳанги шахр бо иштироки раисони маҳаллаҳо, сарварони бозорҳо, соҳибкорону соҳибмулкони нуқтаҳои савдо, марказҳои хизматрасонӣ доир гашт. Дар оғози мулоқот муовини аввали раиси шахри Исфара Парвиз Файзуллозода оиди тадбирҳои андешидаи Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар самти пешгири аз чинояткори харф зада ташаббуси Макомоти Корхои Дохилиро бахри тарбияи хукукии сокинони Исфара, хамкории ду қувваи бузург - милитсия ва ҷомеаро дар пешгирии кирдорхои зидихукуки ва пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ мувофики максад хисобид. Дар маърузаи худ Сардори шӯъбаи якуми ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара полковники милитсия Исозода Набиҷон Исо дар баробари тафсилоти вазъи кунунии минтака ба самъи ҳозирин аз тадбирҷӯиҳои мақомоти милитсия оид ба коҳиш додани вазъи ҷинояткорӣ, пешгирии қонуншиканиву ҷинояткорӣ, мубориза бо терроризму экстремизм, аз ҷумла шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, тамоилҳои бегонапарастӣ, тақлид ба маданият ва тарзи либоспӯшии ба фарҳангӣ мо бегонаро мавриди таҳлили дақиқ қарор дод. Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин ба вазъи таъмин ва риояи меъёру талаботи қонуну қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор дар бозорҳо, марказҳои савдову хизматрасонӣ, иншооти стратегию ҳаётан муҳим, муассисаву корхонаҳои мансубият ва шакли моликияташон гуногун, хобгоҳҳо, биноҳои истиқоматии баландошёнаву маҳаллаҳои аҳолинишин ва дигар ҷойҳои оммавӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гардид. Таъкид гардид, ки новобаста аз тадбиру чораҳои аз тарафи мақомоти назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор андешида шуда, ҳамоно баъзе аз соҳибкорону савдогарони алоҳида ба вазъи бехатарӣ аз сӯхтор диққати ҷиддӣ зоҳир накарда, аз худ саҳлангорию бемасъулиятӣ нишон медиҳанд. Ҳамзамон нисбат ба паст будани сатҳи маданияти хизматрасонӣ, риоя накардани талаботҳо бобати сару либоси кормандони нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ, беэътиборӣ ба ободонии иншоотҳои номбурда эродҳои ҷиддӣ садо доданд. Дар идома чанде аз иштирокчиёни вохурӣ вобаста ба мавзуъхои баррасишуда андешарони намуда, таъкид доштанд, ки вокеан хам ҷинояткорӣ ва дигар ангезаҳои халадоркунандаи амнияту тартибот ташвишоваранд. Дар ҷамъбаст изҳори боварӣ карда шуд, ки сокинони шаҳри бостонии Исфара минбаъд дар ҷодаи гиромидошти фазои қонуният, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ифтихори миллӣ, садоқат ба давлату миллат ва заҳмати созанда, инчунин пешгирии зуҳуроти хатарзои гаравиши ҷавонон ба гуруҳҳои экстремистиву террористӣ аз ҳар вақта бештар ҷидду ҷаҳд ба харҷ хоҳанд дод.

Хабарҳои нав

  • ВОРУХ

    Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода

    2022-10-11

  • Исфара - флагман таджикской экономики в Ферганской долине

    Город впервые был назван «Исфара» в «Истории Табари» в X веке Автора статьи подтолкнул на написание эссе об Исфаре, информация о важности города не только для всей таджикской экономики, но и для стран Центральной Азии. Судя по данным открытых источников, которые приводятся ниже, Исфара во все времена играла роль авангарда в ремесле, сельском хозяйстве, патриархальной экономики в период СССР и в особенности во времена Независимости Таджикистана.

    2022-10-11

  • Исфара - флагман таджикской экономики в Ферганской долине

    Город впервые был назван «Исфара» в «Истории Табари» в X веке Автора статьи подтолкнул на написание эссе об Исфаре, информация о важности города не только для всей таджикской экономики, но и для стран Центральной Азии. Судя по данным открытых источников, которые приводятся ниже, Исфара во все времена играла роль авангарда в ремесле, сельском хозяйстве, патриархальной экономики в период СССР и в особенности во времена Независимости Таджикистана.

    2022-10-11

  • Хабари "Радиои Озодӣ" асос надорад

    Хабари "Радиои Озодӣ" асос надорад

    2022-08-09

  • Суди олии Русия Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро террорист эътироф кард

    ДУШАНБЕ, 14.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 14 сентябр Суди олии Русия Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ)-ро ташкилоти террористӣ эътироф ва фаъолияти онро дар қаламрави Федератсияи Русия манъ кард. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора рӯзи чоршанбе нашрияи «Известия» хабар дод.

    2022-08-09