Маълумот оид ба таъмини иҷрои нақшаҳои қисми даромад ва хароҷоти буҷети шаҳри Исфара дар 3 моҳи соли 2022

Давоми се моҳи соли 2022 мувофиқи таҳлилҳо воридоти буҷети давлатӣ бе назардошти андози иҷтимоӣ ба андозаи 104 фоиз, воридоти буҷети маҳаллӣ бошад 105,4 фоизро ташкил додааст. Яъне дар 3 моҳи соли 2022 нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ба буҷети давлатӣ ба маблағи 3 милиону 76 ҳазору 270 сомонӣ (35081988-32005718) зиёд ворид гардида, ба буҷети маҳаллӣ бошад нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 3 милиону 19 ҳазору 592 сомонӣ (25377826-22358234) зиёд ворид гардидааст. Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ бошад дар ин давра ба андозаи 105,4 фоиз иҷро гардида, ба буҷети маҳаллӣ мебоист 24 милиону 76 ҳазор сомонӣ ворид гардад, амалан бошад 25 милиону 377 ҳазору 826 сомонӣ ворид гашт, ки аз нақша 1 милиону 301 ҳазору 826 сомонӣ зиёд мебошад. Нақшаи буҷети ҷумҳуриявӣ бошад ба андозаи 99,9 фоиз иҷро гардида, мебоист ба буҷети ҷумҳуриявӣ 9 милиону 747 ҳазор сомонӣ ворид гардад, амалан 9 милиону 704 ҳазору 162 сомонӣ ворид гашт, ки аз нақша 42 ҳазору 838 сомонӣ кам мебошад. Новобаста аз тадбирҳои андешидашуда бобати иҷрои нақшаи қисми даромади буҷет аз 8 намуди сарчашмаҳои ба нақша гирифташуда 1 намуди он иҷро нагардида, дар маҷмўъ аз ин ҳисоб ба буҷет ба маблағи 1 милиону 260 ҳазору 433 сомонӣ кам андоз ворид гардид. - андоз аз даромад 86,2 фоиз ё 1 милиону 260 ҳазору 433 сомонӣ кам аз нақша мебошад. Дар ин давра нақшаи қисми хароҷоти бучети маҳаллии шаҳри Исфара ба андозаи 99,9 фоиз таъмин карда шуда, мувофиқи нақша бо тағйироту иловаҳояш мебоист 30 977 700 сомонӣ хароҷот мешуд, амалан бошад 30 965 209 сомонӣ хароҷот карда шудааст, ки нисбати нақша ба маблағи 12 491 сомонӣ кам мебошад.

Хабарҳои нав