БАҲОВАДДИН БАҲОДУРЗОДА ГУЛАФЗО САВРИДДИНОВАРО АЁДАТ НАМУД

Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода дар арафаи Соли Нави 2022 ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ Гулафзо Савридиноваро аёдат намуд. Дар раванди мулоқот Баҳоваддин Баҳодурзода изҳор дошт, шаҳри Исфара шахсиятҳои бузург дорад ва маҳз шахсиятҳои барӯмандаш бо истифода аз обрӯю нуфузи баланде, ки дар байни мардум доранд, метавонанд роҳнамою ҳидоятгари аҳли ҷомеа ба амалҳои неку шоиста ва созандаю ободкорона бошанд. Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода аз рӯзгори неку шоиста ва хизматҳои шоёни Гулафзо Савридинова ёдовар шуда, таъкид дошт, ки фаъолияти чандинсолаи ин зани мехнаткарину матинирода ва зиндадилу маҳфилоро барои насли ҷавони ҷомеа шоистаи ибрату пайравиҳост. Ёдовар бояд шуд, ки Гулафзо Савриддинова аз ангуштшумор занони Тоҷикистон мебошад, ки аз коргари одӣ то ба вазифаҳои баланди сатҳи ҷумҳурӣ расидааст. Барои ободии диёр ва пешрафти Тоҷикистон заҳмат кашидааст.

Хабарҳои нав