АЁДАТИ ШАҲРДОРИ ИСФАРА АЗ АБДУСАМАД ШОМИРСАИДОВ

Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ Абдусамад Шомирсаидовро аёдат намуд. Зимни суҳбати самимӣ Баҳоваддин Баҳодурзода аз саҳми шоиста ва назарраси собиқадорон дар пешрафт ва ободу зебо гардонидани шаҳру деҳоти Исфара ёдовар шуда, зикр дошт, ки давлату Ҳукумати мамлакат зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар меҳвари фаъолияти худ ғамхориву пуштибонии пирони хирад, собиқадорону дигар қишри ҷомеаро қарор додааст. Ӯ ҳамзамон изҳори умедворӣ аз он кард, ки собиқадорони хизмати давлатӣ дар пешбурди ҳаёти ҷамъиятию сиёсии шаҳр, корҳои таблиғотию ташвиқотӣ ва мафкуравӣ, амалигашти нақшаву тасмимҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара фаъолона иштирок ва саҳмгузорию мусоидат хоҳанд кард. Бояд гуфт, ки Абдусамад Шомирсаидов 14 январи соли 1944 дар Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара, дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Ӯ соли 1975 Институти хоҷагии қишлоқ, ҳозира Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемурро бо ихтисоси муҳандис - технолог хатм намудааст. Аз соли 1960 то соли 2013 дар вазифаҳои гуногуни соҳаи кишоварзӣ фаъолият бурдааст ва хизматҳояш бо ордени “Дӯстии халқҳо”, медалҳо, унвони “Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва даҳҳо ифтихорнома қадр шудаанд

Хабарҳои нав