ҶАМЪОМАДИ ИДОНАИ ФАЪОЛОНИ ШАҲР ДАР ВОРУХ

Мардуми фарҳангиву созандаю бунёдкори шаҳри Исфара ҷашни бузурги 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки барҳақ муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад, бо армуғонҳои шоиста истиқболу таҷлил намуданд. Ба ифтихори ин ҷашни бузурги милливу давлатӣ дар ҳама гўшаву канори шаҳру деҳоти Исфара маъракаи ободонӣ вусъат гирифта, сохтмони иншоотҳои истеҳсоливу иҷтимоӣ ва тиҷоративу хизматрасонӣ роҳандозӣ гардид. Гузашти низомӣ дар маркази шаҳри Исфараю деҳоти Чоркӯҳу Ворух бо ширкати қисмҳои мустақаргардидаи Вазорати мудофиа ва Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот, намояндагони ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа, собиқадорони барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва набардҳо дар Афғонистон, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, идораву ташкилот ва корхонаву муассисаҳо бошад, ба тантанаҳои идона шукуҳу шаҳомати хосса бахшид. Баргузории ҷаласаи тантанавӣ бо ширкати аҳли ҷамоатчигӣ ва фаъолони шаҳру деҳоти Исфара ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кохи фарҳанги деҳаи Ворух бори дигар аз эҳтироми ин санаи фархунда ва арҷгузорӣ ба он дарак дод. Дар раванди ҷамъомади ботантанаи идона арзишмандию аҳамияти бузургу тақдирсози эъломия оид ба Истиқлолияти давлатӣ дар соли 1991, саҳму нақши сулҳоварӣ, мақому манзалати ваҳдатофарӣ ва хизматҳои бебаҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастовардҳои замони соҳибдавлатии кишвари соҳибистиқлоли мо зимни муборакбодиҳои идонаи раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ва муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ возеҳу равшан баён гардиданд. Зимнан гуфта шуд, ки Истиқлолият барои ҳар як миллат бузургтарин неъмат, боарзиштарин муқаддасот ва бошукуҳтарин ҷашн ба ҳисоб меравад, зеро он мояи ифтихори ҳар шаҳрванд буда, такондиҳандаи ғурури миллӣ, заминасози рушду такомул ва пойдевори мустаҳками ваҳдату якпорчагист. Миллати мо дар таърихи 9 сентябри соли 1991 ба ин неъмат даст ёфт ва аз он замон то кунун ин рӯз ҳамчун Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумуҳурии Тоҷикистон дар саросари кишвари азизамон бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Истиқлолияти Тоҷикистон, пеш аз ҳама, дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани низоми давлатдорӣ, мустақилона рушд кардани сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат, инчунин шарафу номуси ватандорӣ, ҳувияти миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва талошу муборизаи бардавоми ҳар як фарди бонангу номус ба хотири ободӣ ва шукуфоии Тоҷикистон аст. Қисмати фарҳангии тантанаҳои умумишаҳрии сокинони Исфара ба ифтихори ҷашни бузурги таърихии 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри фарҳанги Ворух басо бошукуҳ ва шаҳомати хос сурат гирифт. Намоиши ҷолиби театрикунонидашуда, барномаи мукаммалу пурмуҳтавои фарҳангии омоданамудаи аҳли санъати Исфара ифодагари он буданд, ки Истиқлолият барои мо як вожа ё калимаи одӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷамъиву хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст.

Хабарҳои нав