Боздиди роҳбарияти ноҳияи Мастчоҳ аз Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара

Раиси ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд Тоҳир Азиззода ва ҳамроҳони ӯ – роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ҷомеаҳои меҳнатӣ, аз ҷумла ҷавонони фаъолу варзишгарони муваффақи ин ноҳия аз Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара боздид намуданд. Рӯзи истироҳатии 28-уми марти соли 2021 Тоҳир Азиззода ва ҳайати ҳамроҳонаш таҳти роҳнамоиҳои раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода бо раванди амалиёти густурдаи созандаю бунёдкорона дар Ворухи бостонӣ аз наздик шинос гардида, зимнан бо мардуми деҳа суҳбатҳои самимона доштанд. Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара хабар доданд, меҳмонон бо раванди корҳо дар самти бунёду азнавсозии иншоотҳои муҳими иҷтимоӣ шинос шуда, дар ҷараёни сӯҳбатҳои рӯбарӯ бо сокинони Ворух иброз намуданд, ки «Ворух гӯшаи биҳиштосои Тоҷикистон аст, мастчоҳиëн ҳамеша дар канори мардуми ин диëри қадимаи тоҷикон ҳастанд ва хоҳанд буд». Таъкид карда шуд, ки Ворух таҳти таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва бунёди муҳимтарин иншоотҳо ва ҳалли мушкилоти иҷтимоии мавҷуда тақвиятбахшандаю далели ин иддаост. Бояд тазаккур дод, ки ҷавонмардони ғаюру гурдафкани мастчоҳӣ ҷонибдориву пуштибонии худро аз мардуми сарбаланди Ворух натанҳо ба сухан, балки амалан собит намуданд, барои сохтмончиён ва бунёдгарони иншоотҳову ободкорони деҳа дастурхони пурфайз густурданд.

Хабарҳои нав