Вусъати корҳои ободонӣ дар Ҷамоати деҳоти Ворух

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Исфара сафари корӣ анҷом дода, ҷараёни корҳои ободониро дар Ҷамоати деҳоти Ворух мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Бояд тазаккур дод, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Ворух корҳои азими бунёдкорӣ бомаром идома доранд. Ба истиқболи ҷашни таърихӣ дар ҷамоати мазкур бунёду навсозии беш аз 40 иншооти муҳими иҷтимоӣ ба нақша гирифта шуда, бо маблағгузории Хукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр ва саҳмгузории соҳибкорону саховатмандон то имрӯз зиёда аз 30 иншооти гуногун мавриди истифода қарор гирифтааст. Раиси вилоят аснои сафари корӣ бо рафти бунёди майдони Парчам, муассисаи нави таълимӣ, қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Ворух, обод намудани мавзеъҳои ҷамъиятӣ, роҳу кӯча ва маҳали зист, кабудизоркуниву хуррамгардонӣ шинос гардида, ба фаъолнокиву меҳнатдӯстии сокинон баҳои баланд дод. Сокинони шарафманди Ворух бо ҳисси баланди ифтихори миллӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат баҳри амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳояшон ҳамаи чораҳоро меандешанд ва бо саҳмгузорӣ дар ҷодаи ободонии Тоҷикистони азизамон баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашнҳои дар пешистода ҷаҳду талош доранд. Ёдовар бояд шуд, ки бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2018, №510 «Дар бораи ҷашн гирифтани 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара тасдиқ гардидааст. Ба Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара оид ба омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 457 лоиҳа ворид гардида, маблағи умумии он 922 млн. 968 ҳазор сомонӣ мебошад. Дар натиҷаи чораҷӯиҳо дар шаҳр соли 2018-95 иншоот, 2019-149 иншоот, дар соли 2020-161 ва дар 2 моҳи соли 2021-4 иншоот ба истифода дода шудааст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва меҳнаткашони Исфара дар пайгирӣ ва ҷонибдории амалӣ аз сиёсати ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми имкониятҳои мавҷударо барои рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳр, ободу зебо гардонидани диёр ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум сафарбар намуда, ҷиҳати бо дастовардҳои назаррас пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми имконияту захираҳо истифода бурда истодаанд.

Хабарҳои нав