Таҷлили ҷашни Наврӯз дар Исфара

Инак, ба сарзамини кўханбунёди мо боз бузургтарин ва зеботарин чашни мардумū – Наврўзи хуҷастапай бо қадамҳои сабзу насими ҷонбахш ташриф овард. Ин ҷашн давоми ҳазорхо сол хамчун шиносномаи миллати сохибтамаддуни мо боқū мондааст. Ҷашни Наврўз аслан яке аз қадимтарин ва муқаддастарин оинҳои ниёгони мо аст, кибо фарорасиаш аз омадани фасли зебои бахор ва ибтидои Соли нави аҷдодū мужда мерасонад.Ин мужда рамзи офариниши хаёт, эхёи табиат ва оғози тозаи зиндагū буда, хамзамон чун суннати қадимаи ниёгони ориёии мо маънои пирўзии нур бар зулмот ва тантанаи некӣ бар бадиро ифода месозад.Ҷойизи зикр аст, ки Наврўз дар давоми таърихи беш аз шашхазорсолаи хеш бурду бохтхои зиёдеро аз сар гузаронида, хамчун рамзи безаволи тамаддуни ориёӣ бо мазмуну муҳтавои зиндагисози худ то имрўз ҷашн гирифта мешавад. Сокинони шаҳру деҳоти Исфара ҷашни Наврўзи Аҷамро бо эҳсоси баланди худшиносиву худогохū, гиромидошти суннатҳои поки аҷдодū ва азму ниятхои созандаву ободонии Ватани маҳбуб гарм истиқбол мегиранд. Субҳи наврӯзии шаҳри бостонии Исфара бо садои карнаю сурнай ва суруду таронаҳои баҳорӣ оғоз гардид. Қисмати расмии чорабинū дар Кохи фарҳанги маркази шаҳр, ки бо рамзҳои давлатū, парчамҳои рангоранги идона, шиору овезаҳои тараннумгари Наврӯз оро додашуда буд, бо иштироки сокинону меҳмонони шаҳр доир гардид. Дар даромадгоҳи идгоҳ дар растаю хаймаҳои идона бо риояи анъанаҳои миллӣ суфраҳои наврӯзии ҳафт сину ҳафт шин ва таомҳои миллии хоси Наврӯз, маҳсулоти нониву шириниҳои миллӣ, суманак, маҳсулоти соҳаҳои саноату кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили бофандагӣ, сӯзанидӯзӣ, кулолгарӣ, зардӯзӣ, қуроқдӯзӣ ва гаҳворасозӣ ба намоиш гузошта шуда буданд. Мардум дар гӯшаву канори идгоҳ бо савту тарона, иҷрои суннатҳои наврӯзӣ ва намоиши санъати пурғановати миллӣ Тоҷикистони соҳибистиқлол, меҳнати бунёдкорона ва пуршарафи мардуми он, фазои осудаву ороми Ватани маҳбуб ва орзуву ормонҳои миллати куҳанбунёди тоҷикро ситоиш мекарданд. Аҳли тантанаи ҷашни фархундаи Наврӯзро раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ва муовини якуми раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар бо ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрик намуда, аз ҷумла тазаккур доданд, ки Наврӯз аз ҷашнҳои куҳани тоҷикон маҳсуб ёфта, дар солҳои соҳибистиқлолӣ суннатҳои хосаи наврӯзӣ эҳё гардида, маҳз бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз дубора дар сархати ҷашнҳои миллии тоҷикон қарор гирифт ва ба ҷашну сурури умумимиллӣ табдил ёфт. Зимнан гуфта шуд, ки суннати беҳтарини Наврӯз бахшиши гуноҳҳо, навозиши ятимону аёдати маъюбон ва хайру саховат ба дармондагону ниёзмандон аст, то фарорасии Соли навро ҳамагон ба шодию хурсандū истиқбол намоянд. Яъне, Наврӯз аз қадимтарин ва башардӯсттарини ҷашнҳои рӯйи Замин, ҷашни баробарии инсоният, ойини дӯстиву самимият, таҳаммулгароӣ ва аз дилҳо берун андохтани кинаву адоват мебошад. Барои мо хушоянд он аст, ки бо омадани Наврӯз ҳар як хонадони кишвари мо аз шодиву фараҳ лабрез мегардад, паёми сабзи ошноӣ ва суннату таомулҳои неку писандидаи аҷдодии наврӯзӣ хурду калонро дар наврӯзгоҳҳои идона сарҷамъ месозад. Ҳамагон дар маҳфили наврӯзӣ умеду нияти барору баракати корҳои ободониву созандагиро аз Наврӯзи фархундапай мекарданд. Ин орзуву таманниёти ҳамагон дар барномаи рангину пурмуҳтавои консертии саршори шукронаи баҳору Наврӯз, табиати зебову осмони соф ва эҳсосоти наҷиби айёми шукуфоū бо иштироки санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр низ таҷассум ёфт.

Хабарҳои нав