ТАБРИКОТИ РАИСИ ШАҲРИ ИСФАРА БАҲОВАДДИН БАҲОДУРЗОДА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ ҶАҲОНИИ НАВРӮЗ

Ҳамдиёрони азиз. Инак, ба сарзамини куҳанбунёди мо боз ҳам бузургтарин ва зеботарин ҷашни аҷдодиамон - Наврўзи хуҷастапай бо қадамҳои сабзу насими ҷонбахш ва бо паёми тозаи рўзу рўзгори нав фаро расидааст ва ман бо фараҳмандии афзун фарорасии ин ҷашни пуршукўҳи зебоӣ ва сарсабзиву фархундагӣ ва ҳам 30-юмин баҳори соҳибистиқлолии Тоҷикистони азизро ба якояки шумо самимона табрику таҳният мегўям. Ҷашни Наврӯз аслан яке аз табиию зиндатарин, қадимиву муқаддастарин оинҳои ниёгони мо аст, ки бо фарорасиаш аз омадани фасли зебои баҳор ва ибтидои Соли нави аҷдодӣ мужда мерасонад. Бино бар суханони Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: - «Наврӯз - таърихи зиндаву бедор, пояндагиву ҷовидонагӣ, ному нанг, ифтихору шараф ва ҳувияту бақои миллати фарҳангиву тамаддунсози тоҷик аст, ки бо гузашти 6 ҳазор сол ба тамаддуни ҷаҳонӣ хоса роҳ ёфтаву мақоми шоиставу бузурги зиндагисозро пайдо намудааст». Хушбахтона, дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистони маҳбубамон, ки миллати тоҷик сарнавишти давлати худро ба дасти худ гирифт, Наврўз дар кишвари мо бо шарофати иқдомоти пайгиронаи фарҳангӣ ва тамаддунпарваронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тамоми суннатҳояш аз нав эҳё гардид, умри дубора ёфт, шукўҳу ҷалоли худро дигарбора пайдо кард ба ҷашну сурури умумимиллӣ табдил ёфт ва расман мақоми ҷаҳонӣ пайдо намуд. Таърих гувоҳ аст, ки мардуми фарҳангиву ҳунарманди Исфараи бостонӣ ҳанӯз аз қадимулайём дар маросимҳою ҷашнҳо, ба монанди «Наврӯз», «Сайри гули лола», «Бойчечак» суруду таронаҳои ҷашнӣ, оҳангҳои дилфиреб навохта ва мардум дастҷамъона нақшхонӣ мекарданд. Тавре адиби маъруфи тоҷик Абдурофеъ Рабиев дар китоби «Миллате мезист дар рӯи замин» зикр намудаанд: «Сайри гули лола» эҷоди хосаи мардуми Исфаразамин ба ҳисоб мерафт, ки дар маъхазҳои гуногун қайд шудааст. Барои ширкат ба ин маросим на фақат аз деҳкадаҳои гирду атроф, балки аз тамоми канораҳои водии Фарғона ҳофизону навозандагон ва одамони касбу кори гуногун меомаданд. Сайри гули лола ба санъати овозхонию навогарии мардуми тоҷикзабони тамоми водии Фарғона табдил меёфт…». Тибқи расму суннати бостонии аҷдодӣ пешгузаштагони мо дар он замони дерин субҳи барвақт бархоста, ба канори наҳру ҷўйборҳо рафта шустушў мекарданд, ба ҳамдигар ҳамчун пайғоми поки рўшноӣ об мепошиданд. Қабл аз он ки бо ҳам сухане бигўянд, аввалтар аз ҳама шакар мехўрданд ва ё асал мечашиданд, ба писарбачаҳое, ки хона ба хона “Бойчечак”-гӯйӣ мерафтанд, ширинӣ ҳадя медоданд. Дар даштҳои Бобо Мехчагару Шӯртанг, талу теппаҳои Чоркӯҳу Воруху Лаккон то нисфирӯзӣ бӯзкашӣ ва аз шом то бевақтии шаб дар идгоҳҳо сурудхонию гӯштин, дорбозию мусобиқаҳои варзишӣ барпо мегаштанд. Бонувон ҳамчун рамзи баҳор, зиндагии сабзу тоза ва ризқу рўзии фаровон суманак мепухтанд, дастурхони идонаи худро бо ҳафтсин ё ҳафтшин меоростанд, ки ин оини неку наҷиб то ҳанӯз дар Исфараи бостонӣ побарҷост Мавриди зикр аст, ки бузургони мо аз Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ то имрӯз дар васфи Наврӯз шеъру тарона ва достону чакомаҳои зиёд офаридаанд ва зебоиву бузургии ин ҷашнро тавсиф кардаанд. Дар ин росто, рӯзи 19-уми марти соли равон бо иқдоми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, дар ҳамдастӣ бо Вазорати фарҳанг, Иттифоқи композиторон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти унвони «Ширу шакар» маҳфили идонаи наврӯзии шоирони маъруф Адибаи Хуҷандӣ ва Нарзуллои Азизиён бошукӯҳ ва хушоянду хотирмон баргузор гардид, ки он идомабахши анъанаю суннатҳои неки аҷдодии мо мебошад. Муҳимтар аз ҳама мардум дар айёми Наврўз кинаҳоро аз дилҳо дур месозанд, то ҷойи онҳоро шафқату меҳрубонӣ бигиранд, ба ниёзмандону нодорон дасти ёрӣ дароз мекунанд, то фарорасии Соли нави аҷдодиро ба шодию хурсандӣ истиқбол намоянд. Ҷоизи зикр аст, ки дар арафаи ҷашни ҷаҳонии Наврӯз дар тарабхонаи “Шоҳон”-и маркази шаҳр барои 150 нафар шахсони бесаробонмонда ва яккаву танҳо дастархони идона ороста шуда, ҳамчунон аз лутфу марҳамати сарварони ҷомеаҳои меҳнатӣ, соҳибкорони саховатпешаю шахсони эҳсонкор 35 нафар тарбиятгирандагони Хонаи бачагони шаҳраки Шӯроб, 82 нафар тарбиятгирандагони Мактаб-парваришгоҳи бачагони зарир ва қувваи босираашон сусти шаҳр, зиёда аз 200 нафар маризони Беморони касалиҳои рӯҳии вилоятӣ воқеъ дар деҳоти Лаккон ва садҳо нафар шахсони камбизоат баҳраманд гардиданд. Дӯстони азиз. Чун Наврӯз аслан ва табиатан иди барзгарону кишоварзон ва деҳқонони асил аст, ман бо истифода аз мавриди муносиб хоссатан деҳқонони саховатпешаи диёр, аз ҷумла ҳайати 16174 нафараи саҳмдорони 13538 хоҷагии деҳқонии шаҳру деҳоти Исфараро сидқан муборакбод мегӯям. Боғдорони мо ният кардаанд, ки соли равон дар масоҳати 30 гектар боғи нав бунёд ва зиёда аз 180 гектар боғҳои куҳнаву бесамарро аз нав барқарор созанд, кишоварзони шаҳр нақша доранд, ки дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар масоҳати 1560 гектар картошка, дар майдони 500 гектар сабзавот, аз ҷумла дар масоҳати 400 гектар помидор кишту парвариш намоянд. Аз ин лиҳоз, бедории табиат ва хусусан суннатҳои писандидаи ҷашни Наврӯз тақозо менамояд, ки дар баробари деҳқонон ҳар як сокини шаҳру деҳоти Исфара бояд аз ҳар рӯзи мусоиди баҳорӣ оқилонаву самаранок истифода карда, барои киштукори баҳорӣ ва коштани донаи умед, ки файзу неъмати хони наврӯзии мо мебошад, камари ҳиммат банданд, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ ва бо ҳамин роҳ гирифтани ду- се ҳосилро таъмин намоянд. Ҳамшаҳриёни гиромӣ. Имсол мо ҷашни бузурги миллиамон - Наврўзро баробар бо 30-юмин баҳори истиқлолияти давлатии Ватани азизу маҳбубамон - Тоҷикистон таҷлил менамоем. Бино бар гуфтори Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Ин ду ҷашн барои мардуми шарафманди кишварамон бисёр азизу муқаддасанд, зеро Наврўз аз қадимулайём яке аз василаҳои асосии бақову ҳастии миллат ва истиқлолият, рамзи ватандориву ватанпарастии ҳар як фарди огоҳ ва бонангу номуси халқамон мебошад». Ҳар яки мо ҳам бояд шукрона кунем, ки имрӯз бузургтарин ҷашни аҷдодиамон - Наврӯзро дар фазои озод, дар давлати соҳибихтиёру обод ва дар шароити сулҳу суботи комил таҷлил дорем ва бо мақсади истиқболи сазовори ин санаи муқаддаси таърихӣ моро зарур аст, ки ҷиҳати мутобиқ ба талаботи стандартии сохтмонию меъморӣ бунёд ва азнавсозӣ намудани 79 иншооти ҷашнии дар соли равон банақшагирифташуда тамоми воситаю имкониятҳои мавҷударо сафарбар кунем. Ҳар як фарди бонангу номуси Исфарамарз бояд, ки ба хотири боз ҳам афзун намудан ва таҳким бахшидани дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ бунёдкориву созандагиро ба меъёри зиндагии ҳаррӯзаи худ табдил дода, минбаъд низ бо нерӯи дучанд барои ободонии Исфараи азизамон саъю талош намояд. Дар ин рӯзу дар лаҳзаҳои фараҳбахш мову шумо бояд орзуманди он бошем, ки Наврӯз бо қадамҳои сабзу баҳорона ва мубораки худ ба мулки мо ободӣ, ба хирмани деҳқонон файзу баракат, ба хонадони мардум осоиш ва шодию нусрат биёрад. Бо чунин умеду ниятҳои нек, бори дигар ҳар яки шумо, ҳамдиёрони арҷмандро бо ин ҷашни фарруху фархунда самимона шодбош мегӯям. Бароятон хуррамиву сарсабзии наврӯзӣ, баҳори неку файзбор, тандурустиву саодати рӯзгор ва муваффақияту комёбиҳо орзу менамоям. Наврӯзатон мубораку хуҷастапай бошад, ҳамдиёрони азиз!

Хабарҳои нав