Баробари фаро расидани фасли баҳор мавсими кишт оғоз меёбад.

Баробари фаро расидани фасли баҳор мавсими кишт оғоз меёбад. Бо мақсади таъмини саривақтии аҳолӣ ва сатҳи баланди амнияти озуқаворӣ дар кишвар дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ, дар майдонҳои наздиҳавлигӣ кишти барвақтии баҳорӣ, аз қабили сабзавот ва дигар зироатҳои хӯроки чорво оғоз меёбад. Баҳор, ки фасли серборишаст, дар бештари ҳолат баробари номусоид омадани боду ҳаво деҳқонон бо мақсади барвақт ба даст овардани ҳосил кӯшишмекунанд, ки зироатро дар гармхонаҳо парвариш намоянд. Ҳамчунин, бо мақсади истифодаи самараноки захираҳо оид ба гузаронидани кишти зироатҳои барвақтӣ ва ба тағйирёбии иқлим тобовар чораҳои зарурӣ меандешанд. Дар ин ҳолат фаъолияти гармхонаҳо назаррас буда, баҳри таъмини маҳсулоти хушсифат омили муҳимест. Аслан гармхонаҳо яке аз воситаҳои муҳим барои таъмини бозори озуқаворӣ бо маҳсулоти тару тозаи ғайримавсимӣ ба ҳисоб мераванд. Ҳамзамон, фаъолияти гармхонаҳо аз нигоҳи иқтисодӣ воситаи хуби даромадаст. Ин аст, ки соҳаи кишоварзӣ дар вилоят сол то сол рушд намуда, бунёди гармхонаҳо бо намуд ва усулҳои нав вусъат меёбанд. Бо назардошти ин омилхо сокини чамоати дехотиНавгилем, сохибкор Сулаймонхон Гиёсов тасмим гирифтааст, ки дар майдони 0,10 га замин гармхонаи замонави бунед намудаву бо парвариши махсулоти гуногуни кишоварзи дар таъмини амнияти озукавории мамлакат сахмгузори намояд. Бо ташкил ва рохандозии фаъолияти доимии гармхона у ният дорад, ки сокинони шахрро бо сабзавоти тару тоза таъмин намояд.Бо ин максад кормандон барои ба даст овардани ҳосили дилхоҳ камари ҳиммат бастаанд. Чанде кабл дар ин чо бо дуои пирони кор шинонидани беш аз 4 хазор бех кучати помидору бодиринг огоз ёфт.Сулаймонхон Гиёсов мегуяд, ки истеъмоли сабзавоти барвақтӣ ба таъминоти организм бо витаминҳо, устувор шудани масъуният ва нигоҳдошти тандурустии аҳолӣ мусоидат менамояд. Раиси шахри Исфара Баховаддин Баходурзода бо фаъолияти гармхона аз наздик шинос шуда, бо баробари изхори каноатманди аз ин икдоми неки сохибкор, барои нигоҳубини махсулоти парваришшаванда ва истифодаи таҷрибаи пешқадам дар самти гармхонадорӣ ба сохибкор тавсияҳои судманд дод. Бояд зикр намуд,ки солҳои охир ин намуди соҳаи кишоварзӣ рушд ёфтаасту аксар бо ҳамин васила ризқу рӯзии худро ба даст меоранд. Хамзамон рушди гармхонаҳо метавонад, барои ташкили ҷойҳои нави корӣ, истеҳсоли маҳсулоти хушсифат ва таъмини бозорҳои дохилӣ мусоидат намояд.

Хабарҳои нав