Аёдати бонувони собикадор

Рўзи Модар дар ҳудуди шаҳру деҳоти Исфара ҳамчун нишонаи арҷгузории хоса ба бузургӣ ва азамати модарони поксиришт, эҳтироми беандоза ва сипоси бепоён ба мақому мартабаи Зан – Модар бошукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Дар арафаи ҷашн ба занони барӯманди шаҳру деҳоти Исфара табрикномаҳои расмии раиси шаҳр ирсол гардида, ҳамзамон бо иқдом ва ҳам тибқи дастуроти ичрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Баховаддин Баходурзода аз ҷониби роҳбарияти шаҳр, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ҷомеаҳои меҳнатӣ ва вакилони Маҷлиси шаҳрӣ занони собиқадору барӯманд, модарони яккаву танҳо ва аз оилаҳои камбизоат бо дастовезҳои идона ва кӯмакҳои моддӣ аёдат карда шуданд. Ичрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Баховаддин Баходурзода ҳамроҳ бо муовини якуми раиси вилояти Суғд Хол Хайдар ба дидорбинию аёдати нафаре чанд аз занони маъруфу соҳибэҳтироми шаҳр иқдом намуданд. Аз чумла, онҳо меҳмони хонадони занони собиқадору барӯманд ва фаъоли шаҳр Набуват Исроилова гардида, ин зани номдорро бо фасли баҳору зебоӣ ва Рӯзи Модар сидқан табрик намуданд. Ин бонуи мехнаткарину матинирода ва зиндадилу махфилоро, ки умри хешро ба соҳаҳои гуногун бахшидааст, бо самимияти хоса меҳмононро қабул намуда, барои эҳтирому ғамхорӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ва мақомоти маҳаллӣ сипосмандӣ намуд. Меҳмонон ба ин зани фаъол тансиҳатию саодатмандӣ орзу намуда, таъкид намуданд, ки масъулини мақомоти давлатӣ ҳамеша аз шароити собиқадори меҳнат огоҳ хоҳанд буд. Дар арафаи ин ҷашни фируз муовини Раиси шаҳр Мадина Бобоиён ва раиси чамоати дехоти Кулканд Аббосиддин Махмудов низ барои муборакбодӣ ва аёдат меҳмони чанде аз чеҳраҳои саршиноси шаҳру деҳоти Исфара шуданд. Дар ин руз онхо ба манзили истиќоматии собиќадорони мехнат Очахон Шарипова ва Рахбархон Хомидова ташриф оварда, аз холу ахволашон пурсон шуданд ва бо фарорасии фасли нозанини сол бахор ва Иди модарон сидкан тахният гуфтанд. Зимни сўхбати самими, таъкид гардид, ки фаъолияти чандинсолаи ин занони мехнаткарину матинирода ва зиндадилу махфилоро барои насли чавони чомеа шоистаи ибрату пайравихост. Дар чавоби таваччухи доими ва гамхорихои рузафзуни Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аёдатшудагон – собикадорони мехнат Очахон Шарипова ва Рахбархон Хомидова ба хотири тахкими фазои сулху созиш ва оромиву осоиштагии ҷумҳурӣ ва шукуфоиву пешравии он даст ба дуо бардоштанд.

Хабарҳои нав