Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Исфара

Соли равон мардуми тоҷик ҷашни бузурги миллӣ – 30 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамояд ва сокинон бо фараҳмандӣ ва ифтихор аз ин Ватани ободу озод барои истиқболи ҷашн омодагӣ мебинанд. Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми гӯшаву канори вилояти Суғд омодагиҳо ба таҷлили шоистаи ҷашни таърихӣ ҷараён дошта, корҳои ободониву созандагӣ бо маром пеш меравад. Аз ҷумла, дар Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара ба истиқболи 30-солагии Истиқлол бунёду навсозии беш аз 40 иншооти муҳими иҷтимоӣ ба нақша гирифта шуда, бо маблағгузории Хукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр ва саҳмгузории соҳибкорону саховатмандон то оғози соли равон зиёда аз 30 иншооти гуногун мавриди истифода қарор гирифтааст. Дар боқимонда иншооти ҷашнӣ корҳои сохтмонӣ идома дорад. Дирӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва намояндагони Ҳукумати мамлакат ба деҳоти Ворух ташриф оварда, бо раванди корҳои ободонӣ шинос шуданд. Қобили қайд аст, ки дар маркази деҳоти Ворух Парчами давлатӣ, ки яке аз рамзҳои муҳими соҳибистиқлолист, парафшонӣ хоҳад кард. Эҳтирому гиромидошти Парчами давлатӣ қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеа ба ҳисоб рафта, бунёди майдони Парчам ба ҳусни ин мавзеъ зебогии боз ҳам бештар зам менамояд. Сутуни барқади Парчам 48 метр баландӣ дошта, он аз чаҳор суйи Ворух намудор хоҳад шуд. Зимни шиносоӣ ҳайати гуруҳи корӣ аз саҳми сокинони Исфара дар иҷрои корҳои ободониву созандагӣ ёдовар шуда, таъкид карданд, ки ҷавонмардони бонангу ор ва ватандӯсту соҳибватан барои ободии ҳар як гӯшаи Ватан нақши арзанда мегузоранд. Маҳз сарҷамъиву якдилӣ ва ҳамовозии мардум аст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол боз ҳам ободу зебо гардида истодааст. Дар Ҷамоати деҳоти Ворух барои фароҳам овардани шароити хуби таҳсил ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия муассисаҳои наву замонавӣ ва синфхонаҳои иловагӣ бунёд гардида, корҳои сохтмонӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Раиси вилоят ва ҳайати ҳамроҳонаш аснои боздид қайд намуданд, ки бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди ҷамоат тадбирҳои судманд амалӣ шуда, бо бунёди иншооти гуногун даҳҳо ҷойи нави корӣ фароҳам гардида, сатҳи зиндагии мардум боз ҳам беҳтар хоҳад шуд. Бунёди мактабҳои нав дар маҳаллаҳои навбунёд талаботи замон дониста шуда, илова гардид, ки дар умум шароити мардум дар маҳаллаҳои навбунёд боз ҳам беҳтар карда мешавад. Дар ин минтақаи наздисарҳадӣ дар баробари таваҷҷуҳ ба соҳаи маориф барои пешрафти соҳаи фарҳанг низ эътибори махсус зоҳир мегардад. Мисоли равшан навсозии Қасри фарҳанги ҷамоат мебошад. Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Ворух дорои 650 ҷойи нишаст аст ва бо харҷи беш аз 1,9 млн. сомонӣ таҷдид хоҳад шуд. Фармоишгари корҳо Идораи сохмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мебошад. Дар баробари ин бо ташаббуси соҳибкорон ва шахсони ватандӯст бунёди иншооти таъиноташ гуногун ба нақша гирифта шуда, дар самти обод намудани манзилҳои истиқоматӣ, роҳу кӯча ва маҳали зист мардум саҳми арзанда мегузоранд. Маъмулан бо фаро расидани фасли баҳор мардум ба ҳашар баромада, ба хотири сабзу хуррам намудани диёри худ, тоза намудани муҳити зист ва шинонидани дарахтони ороишиву сояафкан садоқатмандона меҳнат мекунанд. Дар идомаи боздид Раиси вилоят аз шаҳраки ангиштканон – Шӯроб дидан намуд. Дар шаҳраки Шӯроб дар асоси супориши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои сохтмонии хати оби нӯшокӣ идома дошта, то имрӯз қубурхобонӣ дар масофаи 11,2 км ва бунёди 2 ҳавзи обнигаҳдории ғунҷоиши ҳар яке 2000 метри мукааб ба анҷом расидааст. Барои таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ дар навбати аввал аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 14 миллион сомонӣ ҷудо гардида, алҳол навсозӣ ва азнавбарқароркунии хатҳои обгузари 56 бинои баландошёна ва 608 ҳавлии дар ҳудуди шаҳрак мавҷуда, яъне то ба манзили сокинон расонидани оби тоза ва иҷрои дигар корҳои ободонӣ вусъати тоза ёфтааст. Ҳамзамон дар шаҳрак айни замон тармим ва азнавсозии биноҳои истиқоматӣ, таъмини шароити зарурии зист, бунёди иншооти иҷтимоӣ, ободонии худуди биноҳои истиқоматӣ, ба тартиб овардани роҳу роҳравҳо, сабзкорию ниҳолшинонӣ, бунёди майдончаи замонавии варзишӣ бо суръат идома доранд. Раиси вилоят ва ҳайати ҳамроҳонаш зимни боздид аз шаҳраки Шӯроб бо сокинон мулоқот намуда, изҳор доштанд, ки шаҳраки Шӯроб дар ояндаи наздик ба як шаҳраки намунавӣ табдил меёбад.

Хабарҳои нав