Дар арафаи таҷлили Рўзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар арафаи таҷлили Рўзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири гиромидошти хотираи неки яке аз фарзандони сарсупурдаи миллат, ҳомии Ватан лейтенанти калон, равоншод Мансур Отабеков, ки дар ҷодаи барқароркунии сохти конститутсионии мамлакат ҷоннисорӣ кардааст, дар маркази шаҳри Исфара лавҳаи ёдгори гузошта шуд. Дар маросими ифтитоҳи лавҳа роҳбарияти МИХД-и шаҳр, сарбозону афсарон, собиќадорони чанги Афѓонистон ва барќароркунии сохти конститутсини, чавонону наврасон иштирок доштанд. Ичрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ҳозиринро бо Рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ табрику таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки хизматчиёни ҳарбии Артиши миллии мо, ҳанӯз дар мудҳиштарин лаҳзаҳои солҳои 90-уми асри гузашта, барои ҳифзи истиқлолият, барқарор кардани сохти конститутсионӣ, ҳимояи манфиатҳои миллату давлат ва таъмини оромиву суботи ҷомеа мардонагии бемисл нишон додаанд. Дар ин радиф, зиёда аз 20 нафар хизматчиёни қисми ҳарбии шаҳри Исфара, таҳти сарварии афсарони шуҷоъ капитан Ориф Ҳомидов ва лейтенанти калон Мансур Отабеков дар замони пурошӯби ҷанги таҳмилии шаҳрвандии Тоҷикистон, ба хотири ҳифзи истиқлолияти милливу давлатӣ, нигаҳдошти якпорчагии мамлакат, барои сулҳу осоишу оромӣ бо баҳои ҷон мубориза бурдаанд. Насли имрўз ба садоқату корнамоӣ ва ҷонфидоии онҳо ҳамеша арҷгузори намуда, ному хотираи неки онҳоро гиромӣ медоранд. Намояндагони ТЧ “Сипари Ваҳдат” ва дигар баромадкунандагон низ аз мардонагию шуҷоати ҳомиёни Ватан баҳри таъмини сулҳу субот дар кишвар ҳарф зада, аз чумла зикр намуданд, ки лейтенанти калон Мансур Отабеков соли 1996 ҳангоми адои вазифа ва ҳимояи сохтори конститутсонии мамлакат дар Тавилдара қаҳрамонию шуҷоатмандӣ нишон дода, ҷон нисор намудааст, ки имрӯз мову шумо бо гузоштани санги хотиравӣ ба хизматҳои шоёни ин ҷавонмард арҷгузорӣ дорем. Мавриди ёдоварӣ аст, ки шодравон Мансур Отабеков соли 1966 дар шаҳри Исфара ба дунё омада, хатмкардаи Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон мебошад. Фаъолияти меҳнатию хизматиашро соли 1991 дар Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе оғоз намуда, солҳои 1993-1995 дар комиссариати ҳарбии шаҳри Исфара адои хизмат намудааст. Хотираи неки ҷавонмардони асили миллат чун равоншод Мансур Отабеков доимо дар зеҳну қалби насли имруз боқи хоҳад монд.

Хабарҳои нав