Омодаги ба хизмати ҳарби

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ҷаласаи васеъ дар самти корҳои омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбии даъвати баҳории соли 2021 баргузор гардид. Ичрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ҷаласаро оғоз намуда, иттилоъ дод, ки дар ҷаласа муовинони Раиси шаҳр, раиси комиссияи даъвати ҳарбӣ, аъзои комиссияи даъват, комиссари ҳарбии шаҳр, кормандони комиссариати ҳарбӣ, мудирони шуъбаву бахшҳо ва сохторҳои воҳидии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, сарварони муассисаҳои таълимии шаҳр, раисони кумитаи маҳаллаҳо ва фаъолон ҳузур доранд. Шаҳрдори Исфара иттилоъ дод, ки дар баррасии рӯзномаи ҷаласа танҳо як масъала: «Омодагӣ ба маъракаи тирамоҳии даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ» мавриди таҳлил қарор дода мешавад. Комиссари ҳарбии шаҳр Исмоил Амирзода дар бораи раванди омўзиши даъватшавандагони соли таваллудашон 1994-2003 ахборот дода, аз ҷумла зикр намуд, ки ҷиҳати иҷрои қарори Раиси шаҳри Исфара «Дар бораи омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2021 шаҳрвандони соли таваллудашон 1994-2003 ба хизмати ҳарбӣ» аз ҷониби масъулин корбарӣ як қатор корҳо ба анҷом расонида шуданд. Минбаъд низ тадбирҳои муҳим дар ин самт роҳандозӣ мегарданд. Баҳоваддин Баҳодурзода аз раиси комиссияи даъвати ҳарбии шаҳр, муовини Раиси шаҳр Оятулло Раҳматзода, раисони чамоатҳо ва дигар масъулини дахлдор доир ба корҳои анҷомдода пурсиш ба амал оварда, ҷиҳати ҷоннок намудани фаъолияти комиссияи даъват, бахусус дар самти муоинаи сифатноки тиббии шаҳрвандони синни даъват, ҷалби муҳассилин ба мактаби муттаҳидаи техникии ҷамъияти ташкилоти мададгори мудофиаи шаҳр ва ғайраҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод. Хуќуќшиноси дастгоҳи раиси шаҳр Некзод Хочазода баромад намуда, навовариҳои асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», ки аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 январи соли 2021 қабул гардид, шарҳ дод. Сардори Шўъбаи якуми Вазорати корҳои дохилии ЧТ дар шаҳри Исфара генерал-майор Нурулло Орифзода сардори шӯъбаи шаҳрии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Шамсиддин Амаков ва раиси шурои собикадорони шахр Содирхон Косими аз раисони ҷамоатҳо, роҳбарони корхонаву муассисаҳо ва фаъолон даъват ба амал оварданд, ки ҳамоҳангиро бо комиссияи даъвати ҳарбӣ, бахусус комиссирати ҳарбӣ ҷоннок намуда, бо роҳандозии корҳои тарғиботӣ ташвиқотӣ бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ҳарбӣ ватандӯстии шаҳрвандон баҳри иҷрои нақшаи даъвати ҳарбӣ мусоидати фаъол намоянд. Дар анҷоми ҷаласа таъкид шуд, ки Давлат ва Ҳукумати мамлакат барои ба роҳ мондани фаъолияти муназзами ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ тамоми чораҳои имконпазирро амалӣ гардонида, ба уҳдаи онҳо иҷрои вазифаҳои муқаддасу пуршарафи ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, манфиатҳои миллату давлат, таъмини сулҳу субот ва амнияти шаҳрвандонро вогузор намудааст. Мо – ҳама хурду бузурги кишвар, алалхусус фаъолон вазифадорем, ки шукронаи истиқлолият, сулҳу оромӣ ва сарҷамъиву ваҳдати миллиамонро эҳтиёт кунем ва доим дар андешаи ободиву ҳифзи Ватанамон буда,садоқат ба Пешвои миллат, Давлату Ҳукумат ва сарзамини аҷдодиро фаромӯш насозем. Ҳифзи Ватан, ору номус, матонат ва ҳимояти марзу бум вазифаи ҷонии ҳар фарди кишвар аст.

Хабарҳои нав