Аёдати собиқадори ҷанг

Дар арафаи солгарди ҷашни Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо нишони қадршиносии қаҳрамониву ҷонфидоии насли куҳансол ичрокунандаи вазифаи раиси шахри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ва сардори ШВКД-1 дар шаҳри Исфара, генерал-майори милитсия Нурулло Орифзода ба аёдати собиқадори ҶБВ Абдувалӣ Қаюмов иқдом намуданд. Баҳоваддин Баҳодурзода ва Нурулло Орифзода бо баробари аҳволпурсū аз собиқадори ҷанг ва мақомоти корҳои дохилӣ ва таҳнияти самимонаи ӯ ба муносибати 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зикри саҳми насли солҳои 40-уми асри гузашта дар наҷоти инсоният аз қувваи аҳриманū ба ин пирамарди нуронū савғотиҳои идонаро тақдим намуданд. Зимни суҳбати самимӣ иштирокчии набардҳои ҶБВ Абдувалӣ Қаюмови 98 сола саҳифаҳои хотироти худро варақгардон намуда, аз шучоату ќаҳрамони ва далериву ҷонбозиҳои аскарону афсарони Артиши Сурх дар солҳои ҶБВ ёдоварї намуд. Бояд гуфт, ки Абдувалӣ Қаюмов дар озодкунии шаҳру деҳаҳои зиёди Иттиҳоди Шӯравӣ, кишварҳои Руминияву Венгрия ва Чехословакия аз душмани бетараҳҳум дар қатори миллионҳо нафар иштирок кардааст. Гузашта аз он пас аз бозгашт ба зодгоҳ, давоми беш аз 30 сол, то соли 1982 дар сафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ баҳри таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо қонуншиканиву ҷинояткорӣ бедареғ заҳмат кашидааст. Хамчунин дар ин рўз ичрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ва сардори ШВКД-1 дар шаҳри Исфара, генерал-майори милитсия Нурулло Орифзода ба манзили сокини чамоати деҳоти Чилгази, иштирокчиии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Иосиф Зоҳидови 96 сола рафта, ўро бо солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат табрик гуфтанд ва туҳфаҳои идона таќдим намуданд. Дар навбати худ пирамардони нуронū барои кӯмаку таваҷҷӯҳ ва ғамхории пайваста нисбати эшон ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.

Хабарҳои нав